Дарахти Ватан

Эй, кафшаки нағзаке ба поят,
Эй, бар саракат кулоҳаки нағз.
Ҳар ҷо, ки ту пой монӣ, эй вой,
Рӯяд гулаку гиёҳаки нағз.
Ту дар бари ман арӯсаки шӯх,
Ман дар бараки ту шоҳаки нағз.
Мо моҳи асал-пасал надонем,
Моҳи майи мост моҳаки нағз!
Эй духтараки сафедаки нағз
Эй духтараки сафедаки нағз,
Дорам ҳавасу умедаки нағз.
Як бор биё, ба ҳам бишинем
Дар сояи нағзи бедаки нағз.
Биншаста чи ранг нағз мардум:
Зарду сияҳу сафедаки нағз.
Ин сӯ бинигар, нишаста хушрӯ
Кампираку мӯсафедаки нағз.
Эй оби равон, бирав, намерам
Ман бо ту зи бехи бедаки нағз.
Оҳ, очаи ту маро дуо кард
Сад бор ба барги бедаки нағз.
Коре накунӣ маро кушӣ зор,
Дар сина ҳазор умедаки нағз.
Ҳаргиз накунӣ сиёҳ рӯят,
Эй духтараки сафедаки нағз!
Ту дар бари кӣ нишастаниӣ?
Ту дар бари кӣ нишастаниӣ?
Бар рӯи кӣ дар ту бастаниӣ?
Бо ашк сари ғами ту шустем,
Аз мо чӣ ту даст шустаниӣ?
Ин шохи ҷавонияст моро,
Ин шох чаро шикастаниӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё