Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рафтанд хешон,
Он синарешон –
Дар хок ниме,
Ниме парешон.

Ку ошное?
Ку ҳамнавое?
Месӯзам, э вой,
Э вой, вое!

Як сина бирён,
Ду дида гирён,
Дар обу оташ –
Гирёну бирён...

Ватан

Рафта аз ту баракат, вою дареғ!
Рафта аз мо ҳаракат, вою дареғ!
Ними фарзанди ту бо оҳу фиғон
Дур шуд аз баракат, вою дареғ!
Ними фарзанди ту шуд хуни ҷигар,
Монда сар дар баракат, вою дареғ!
Нест кам чун бачаи хоҳари мо
Бачаи бедаракат, вою дареғ!
Нест кам чун бачаи очаи мо
Таги хоки таракат, вою дареғ!
Падарам нолазанон гуфт маро:
Ку, бачам, додаракат, вою дареғ?!
Ту дарахтию шикастанд басе
Шохаҳои таракат, вою дареғ!
Оҳ, бишкаставу канданд чунин,
Вой, болу паракат, вою дареғ!
Дар сарат хоки ду дунё шуда бод,
Нест ҳуш дар саракат, вою дареғ!

Ту калон будию майдат карданд,
Монда ин камтаракат, вою дареғ!
Гар дубора бизанандат оташ,
Сӯзад ин камтаракат, вою дареғ!
Вою дареғ!
Вою дареғ!
Вою дареғ!

Дарахти Ватан

Зодаи Дарбандам...
Падарам зодаи Дарбанди ман аст,
Пири озодаи Дарбанди ман аст,
Об хӯрдаст зи андешаи худ,
Кафи нонаш зи кафи тешаи худ.

Модарам зодаи Рашти куҳан аст,
Рафт сисолаву чил соли расо
Об дар дидаи сӯзони ман аст.

Аз Самарқанд яке реша марост,
На самарқандии андеша марост.
Оре, як решаи ман даҳбедист,
Бар сарам соя гар аз беде нест.

Ҳаст як решаи ман масчоҳӣ,
Нест андешаи ман масчоҳӣ.
Ҳаст як решаи ман кӯлобӣ,
Нест андешаи ман кӯлобӣ...

Паҳлавон бигзашта
Пушти кӯлобии ман,
Путки дастам гашта
Мушти кӯлобии ман.

пешина
аз 162
навбатӣ