Дарахти Ватан

Як бор бубин, дуо чӣ гуна
Бардошта ҳар ду дасти моро!
Дорем Худои ҷони ширин,
Гиранда Худост дасти моро!
Моро ҳама мезанад, хамӯшем
Моро ҳама мезанад, хамӯшем,
Ҳе, баста даҳону чашм пӯшем.
Аз ин каламушҳо чӣ тарсем?
Мушем, бигӯ, магар, ҳа, мушем?
Ҳар гаҳ бизананд бар сари мо,
Мо ҳам бизанем, агар на мушем.
Мезад ба калӯш ошное,
Мо, ҷӯра, магар ки бе калӯшем?
Як ҷӯра чаро намехарему
Сад ҷӯраи хеш мефурӯшем?
Аз куштани дӯст даст шӯем,
Бар куштани душманон бикӯшем.
Эй ҷӯра, агар ки нанг дорӣ
Эй ҷӯра, агар ки нанг дорӣ,
Як майда агар ки ҳанг дорӣ,
Бархезу бизан сари ситамгар,
Охир, на сари гаранг дорӣ!
Гиряд зи ғами Ватан дили мо,
Дар сина магар ту санг дорӣ?!
Эй, чанг бизан ба синаҳошон,
Ту ҳам, ба Худо, ки чанг дорӣ!
Худро ту бизан ба ҷӯши дарё,
Андеша чӣ аз наҳанг дорӣ?!
Мо тоҷики зӯри сарбаландем
Мо тоҷики зӯри сарбаландем,
Аз рӯзи азал шикастабандем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё