Дарахти Ватан

Эй ҷӯраи ҷон, ту рӯ бигардон,
Як бор нигар, ки бо киёнем!
Аз пушти киҳо намоз хонем?
Сарҳо зада бар қафо, киёнем?!
Гаштем ҳалоки лак Ҳалоку,
Лак-лак ҳамагӣ ҳалокиёнем!
Худро, ба Худо, намешиносем,
Моро ту бигӯ, Худо, киёнем?
Фарёд занад хурӯси шеърам
Эй хоҷа, бигӯ, ки мо киёнем?!
Бо пул ҳамаро ту мехарӣ, хар
Бо пул ҳамаро ту мехарӣ, хар,
Гар ин ҳамаро ту мехӯрӣ, хӯр!
Бо хеш магар ба гӯри тангат
Дунё ҳамаро ту мебарӣ, бар!
Эзори даридаат куҷо шуд?
Эй, бар сари мо гулӯ дарӣ, дар!
Бешарму ҳаё, зи пушти курсӣ
Худро ту ҳазор медарӣ, дар!
Бобои ту хӯрда хуни мардум,
Ту мурда агар ки мехӯрӣ, хӯр!
Очат, ба Худо, ки рӯсияҳ буд –
Он гуна ки буд дар ғарӣ ғар!
Раҳзан падари ту бепадар буд,
Аз пушти падар чӣ мепарӣ? Пар!
Гар менигарӣ шикасти моро
Гар менигарӣ шикасти моро,
Эй ҷӯра, нагир дасти моро!
Моро ба шикасти хеш бигзор,
Бигзор ба мо шикасти моро!
Ту дасти худат бигиру бигзар,
Озор мадеҳ ту дасти моро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё