Дарахти Ватан

Мардум пайи рӯзгори худ саргардон,
Мо аз пайи як нигори худ саргардон.
Мо кор надорем ба мардум, ба Худо,
Моему Худову ёри аз ёр ҷудо.
Роҳи ғаму нолаву фиғон аз найи мо,
Захмӣ дилу ашку хун равон аз пайи мо.
Ку ёру бародаре бинолад бари мо,
Ку модару хоҳаре бимолад сари мо?
Ту хирмани гул будию мо булбули маст,
Гуфтӣ ба сари мо бисаро, булбули маст.
Мастона канори ту ки сад нола задем,
Дар барг наво ба хуни сад лола задем.
Ҳо, рафтаву баргашта нигоҳам кардӣ,
Як бори дигар кушта нигоҳам кардӣ.
Куштӣ ба хушиву хоки роҳам кардӣ,
Ҳай дар ҳама ҷо рафта сиёҳам кардӣ!
Эй ёр, ба рӯи раҳ маро кушта марав,
Эй рӯяки ту сияҳ, маро кушта марав!
Дар хуни дилам ду даст оғушта марав,
Дар хуни қалам ду даст оғушта марав!
Куштӣ, ҳа, маро, ягона куштӣ, ҳа, маро,
Ҳо кушта маро, чаро накуштӣ ҳамаро?
Ҳо, куштаю бигзашта зи рӯям рафтӣ,
Теғат накашида аз гулӯям рафтӣ.
Эй зан, зани нозанин, маро теғ назан,
Додаст Худо чунин чаро теғ ба зан?
Аввал ба яке канор ҷеғам ту бизан,
Як бӯса занам, ҳазор теғам ту бизан!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё