Дарахти Ватан

Тақдири ту, эй миллати ман, дар сари мӯст,
Тасвири ту дар ашки ман аз ду бари рӯст!
Андешаи борики сари мӯ нашудӣ,
Оҳ, оташи сурхи ду бари рӯ нашудӣ!
Эй, молу пулу пераҳанат як дунё,
Эй, хоки хунук дар даҳанат як дунё!
Тасбеҳ бигардонию пул бишморӣ,
Дар сина турост сангу дил бишморӣ.
Дар косаи чинии ту мӯ афтодаст,
Кайҳост, ки косаат пурӯ афтодаст.
Эй он, ки ту дар димоғи миллат мӯӣ,
Берӯйию дар димоғи миллат рӯӣ!
Мардум ҳама кушта шуд, магӯ кушта нашуд,
Ку ҷома, ки бо хун ба тане шушта нашуд?
Ку он, ки ба хуну хок оғушта нашуд?
Эй вой, Худо, хотират ошуфта нашуд?
Мардум ҳама кушта шуд, малах кушта нашуд,
Сарсабз ҳам аз дасти малах кишта нашуд.
Рӯзе, ки малах зи Чин бирезад, бигрез,
То хоки ту бар замин бибезад, бигрез!
Эй миллати хобида ҳазору сад сол,
Дар хоб Худо дида ҳазору сад сол.
Гирям зи ғамат вою дареғо гуфта,
Хобат нашавад, вою дареғ, ошуфта.
Дар хоб ту аз хонаи худ бигрезӣ,
Аз хеш чу бегонаи худ бигрезӣ.
Сад бор шудӣ сахт парешон, афсӯс,
Не хоб, ки шуд рахт парешон, афсӯс.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё