Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гуфтам, ки хӯрам об, намонданд маро,
Чун кабки сари чашма рамонданд маро.
Ман кабки сари чашма будам дар Ватанам,
Дар чанги бало задам ахир аз даҳанам.

Дар кӯчаи танг бепулӣ моро баст,
Ин кӯчаи танг солҳо бе об аст.
Ду шонаам аз обкашӣ гарчи шикаст,
Ин оби кашида ташнагиям нашикаст.

Аз шишаи сип-сияҳ ба мардум нигаранд,
Бо рӯю дили сияҳ ба мардум нигаранд,
Бо чашми пур аз гунаҳ ба мардум нигаранд,
Дигар ба чӣ рӯ пагаҳ ба мардум нигаранд?!

Даҳ соли расо шудаст мо мӯҳтоҷем,
Бо гоҷу галу гашта, галуву гоҷем.
Даҳ соли дигар чунин равад бар сари мо,
Бар чарх шавад пареш хокистари мо.

Моро ки чунин хонаву дар вайрон аст,
Аз дасти ду-се дастаи сарвайрон аст.
Ин сарзадаҳо ба ҷони мардум задаанд,
Аз дасту даҳан чӣ нони мардум задаанд!

Баркандану бишкастану оташ заданат,
По бар сари мардуми балокаш заданат,
Дар пеши Худои ҷон ҳисобе дорад,
Донӣ, ки чӣ сон оташу обе дорад?

Аз синаи бетоб надорам гила,
Эй чашми тар, аз хоб надорам гила.
Бингар, ки сароб асту сари об марост,
Пешонии шӯру чашми пуроб марост.

пешина
аз 162
навбатӣ