Дарахти Ватан

Худо медонад
Эй дӯст, ғами маро Худо медонад,
Дарду алами маро Худо медонад.
Аз ғам ба қалам қалам-қалам мегирям,
Рози қалами маро Худо медонад.
Бе ашк ғазал нагуфтам, эй ҷӯраи ҷон,
Чашми банами маро Худо медонад.
Эй вой дилам, дилам, дилам, вой дилам,
Дар дил варами маро Худо медонад.
Бишкаст маро, додари ҷон, тобутат,
Болои хами маро Худо медонад.
Бар ман ду вазири мӯҳтарам кард ситам,
Захми ситами маро Худо медонад.
Гӯянд чаро ту мерамӣ аз мардум?
Сайёд, рами маро Худо медонад.
Дарвеши Худоям
Ҷоду накун, аз дӯст ҷудоӣ накунам,
Бо душмани дӯст ошноӣ накунам.
Ҳарчанд ба ҷони ман ситам хоҳӣ кард,
Боре, ба Худо, хоҷаситоӣ накунам.
Аз кӯҳи баланд сарбаланд омадаям,
Бо хокзанӣ ғазалсароӣ накунам.
Гар ташнаву гар гушна бимирам дар дашт,
Ман бар дари ту рафта гадоӣ накунам.
Дарвеши Худоям, ба касе корам нест,
Парвои дурӯза подшоӣ накунам!
Ғарибон
Мо ғарибонем дар хоки Ватан,
Сар ба хокему ба сар хоки Ватан.
Ту набинӣ дидаи гирёни мо,
Ту надонӣ синаи бирёни мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё