Муҳаққиқи соҳибмактаб

Вале ҷаноби Хайзер як ҳақиқати бебаҳсро таъкид кардааст, ки адабиётшиноси номии тоҷик Соҳиб Табаров ҳолнома ва фаъолияти иҷтимоиву фарҳангии Мунзимро басо муфассал ва ҷиддӣ ба тадқиқ гирифтааст, ба дараҷае ки дар ҳафт соли охир се рисолаи муҳаққиқ бо номҳои «Мунзим.
Беҳбудӣ» (2002), «Мунзим – роҳбари ҷамъияти ҷавонон ва фирқаи ҷавонбухориён» (2003 ва «Мирзо Абдулвоҳиди
5 Мунзим» (2008) ба табъ расидаанд.
Як хусусияти муҳимми фаъолияти илмию сухансанҷии устод Табаров дар таҳлилу тадқиқи амиқ, муфассал, бо далелу бурҳони қотеъ асосёфта ва бо замони адиб пайвастаи осори адабиёти бадеӣ мебошад. Ба андешаи ин мунаққид, «адабиёшиносе, ки солнома, моҳнома, рӯзнома ва гоҳо ҳатто соатномаи адиберо, ки меомӯзад, пурра надонад, осори бадеии ӯро ҳеҷ гоҳ мукаммал, росту дуруст ва дақиқу саҳеҳ ба доираи таҳлил гирифта наметавонад» (58,3).
Чунин тарзи тадқиқ муҳаққиқро водор мекунад, ки ҳангоми таҳлилу баррасӣ тамоми паҳлуҳои мундариҷавиву лафзии осори адибонро ба эътибор гирад, иртиботи эҷоди нависандагонро ба замон ва воқеаҳои иҷтимоии давр нишон диҳад ва осори адибонро аз рӯи меъёрҳои адабии замон баҳо диҳад.
Аввалҳои соли 1989 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» мақолаи муфассали Соҳиб Табаров бо номи «Барге чанд аз шаҷараи Мунзим» дарҷ гардид, ки дар он зиндагиномаи ин адиби мумтозу фидоии миллат аз санаи ба дунё омадан то лаҳзаҳои вопасини умр ва макони оромгоҳи абадияш баён ёфтааст.
Устод бо истифода аз сарчашмаҳои муътамаде чун «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё, иловаи «Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Возеҳ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарам, «Намунаи адабиёти
5
Китоби «Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим» соли 2008 аз тариқи нашриёти
«Нодир» ба табъ расидааст, вале дар муқова саҳван соли чопи он 2009 қайд гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё