Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АБДУЛВОҲИДИ МУНЗИМ
ДАР НАҚДИ СОҲИБ ТАБАРОВ

Дар номаи раиси Ҷамъияти германию тоҷикӣ Александр Хайзер аз 5-уми октябри соли 2009 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мусоидат ба конференсияе, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар Берлин баргузор мегардид, омада: «Конференция организуется в честь 135 – летия со дня рождения Абдулвохида Мунзима, а также частично и 85-го юбилея известного таджикского литературоведа профессора Сохиба Шухратиевича Табарова.
С.Ш.Табаров практически единственный ученый, посвятивший всю свою научную деятельность изучению наследия Мунзима, а также воспитавший целый ряд учеников, в той или иной мере разделивших его научные интересы»(75).
Албатта, «Соҳиб Табаров амалан ягона олимест, ки тамоми фаъолияти илмии хешро ба омӯзиши мероси Абдулвоҳиди Мулзим сарф кардааст» гуфтани ҷаноби Хайзер, як андоза, баҳснок мебошад. Зеро зиндагинома ва фаъолияти ҷамъиятию адабии Мунзим ғайр аз Табаров С.Ш.
таваҷҷуҳи дигар олимони тоҷикро низ ҷалб намудааст, ки соли 1967 аз тарафи Шамсулло Девонаев ва Юсуф Акбаров бо муқаддимаи муфассал ба табъ расонидани маҷмӯаи осори Мунзим ва соли 1988 аз тарафи Хуршеда Отахонова ба хонандагон пешниҳод кардани «Арзи ҳол»-и Абдулвоҳиди Мунзим» гувоҳи ҳол аст. Fайр аз ин, фаъолияти адабиётшиносӣ ва тадқиқотии устод Табаров танҳо ба таҳлилу тадқиқи ҳаёту фаъолияти Абдулвоҳиди Мунзим маҳдуд намешавад, балки хеле серпаҳлӯ ва фарогир мебошад. С.Ш.Табаров дар муддати умри бобаракати хеш зиёда аз 800 рисола, китоби дарсӣ, воситаи таълимӣ, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ таълиф намуда, дар рушду нумуи фарҳанги миллии тоҷик ҳиссаи басо арзанда ҳамроҳ намудааст. Дар ҳар асари марҳилавии ин муҳаққиқи серкору дақиқназар ва соҳиби табъи салим як паҳлуи муҳимми адабиётшиносии тоҷик ба тадқиқ омада, ҷанбаи ҳунарӣ ва диди эстетикию иҷтимоии осори даҳҳо адибони гузаштаву имрӯзаи ватаниву хориҷӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтааст.

пешина
аз 148
навбатӣ