Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, устод Табаров тамоми ҳодисаву воқеаҳои дар «Ғуломон» тасвир гардида, аз ҷумла ҳаракати ҷадидон, «воқеаи Колесов», ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаракати пантуркистӣ, тақсимоти ҳудуди миллӣ ва ислоҳоти замин дар Осиёи Миёна, инчунин ба вуҷуд омадани сохти колхозиро дар атрофи Бухоро вобаста ба ҳақиқати таърихӣ ба тадқиқ мегирад ва мундариҷаи романро ба асарҳои зиёди таърихшиносону мардумшиносони барҷастаи ҷаҳон муқоиса карда ба хулосае меояд, ки: «Нависанда… воқеиятро, чи қадар талх бошад ҳам, ҳаққонӣ мегӯяд, вайрон ва таҳриф намекунад, ба ҳар як ҷузъ, лавҳа, лаҳҷа ва колорити миллӣ росту дуруст баҳо ва шарҳу эзоҳ медиҳад ва бо ҳамин аввалин романи муҳташами таърихиро дар адабиёти тоҷик ба вуҷуд меорад» (62, 226).
Бинобар ин, рисолаи «Романи «Ғуломон»-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ» тадқиқоти комилу пурмуҳтаво буда, бо масъалагузорӣ, баррасии амиқ, хулосаҳои мушаххаси илмӣ, дастовардҳои муътамади назарӣ ва фарогири умдатарин масоили романи таърихӣ дар айнишиносӣ ва, умуман, адабиётшиносии тоҷик мавқеи сазовор дорад.
Соли 2005.

пешина
аз 148
навбатӣ