Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

там бо ҳамдигар ҳампайванд мебошанд» (7, 20). Шаҷараи ин хонадон ба яке аз муридони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – Нуриддии Ҷаъфари Бадахшӣ (асри XIV) мерасад.
Ҳанӯз айёми тифлии фарзандон падару модар аз ҳам ҷудо мешаванд ва Мирзоназару Соҳибназар дар тарбияи падар қарор мегиранд. Албатта, барои падари фақир, ки ба мардикорӣ ва чоряккорӣ рӯз мегузаронд, парвариш кардани ин ду тифли хурдсол душвор буд ва боз Соҳибназар бар асари бемории полиомелит дар синни 4-5-солагӣ як пояш шал шуда буд ва ба нигоҳубини бештар ниёз дошт. Ба болои ин аз соли 1931 дар мамлакат гуруснагӣ ҳукмрон мегардад. Ин аст, ки соли 1931, вақте ки дар маркази ноҳияи Муъминобод хонаи бачагон таъсис ёфт, падар аввал Мирзоназар (соли 1931) ва баъд Соҳибназарро (соли 1932) ба ин ятимхона месупорад.
Акнун такягоҳи Соҳибназари наҳифу маҷрӯҳ бародараш Мирзоназар, ки аз ӯ се-чор сол калон буда, ҷисман низ солиму бардам буд, ба ҳисоб мерафт. Вале соли 1932 Мирзоназар аз тангравии баъзе кормандони ятимхона маҷбур мешавад, ки ба хонаи бачагони Тебалайи ноҳияи Кӯлоб нақли макон намояд. Танҳоӣ ва бечорагӣ падарро ранҷур месозад ва тирамоҳи соли 1933 ӯ боз як бори дигар ба дидори писаронаш расида метавонаду халос. Падар Соҳибназарро дар хонаи бачагони Муъминобод ва Мирзоназарро дар хонаи бачагони Тебалай хабар мегираду дар бозгашт дар деҳаи Эмомалии ноҳияи Восеъ, дар хонаи хешовандонаш, орзуҳояшро ба гӯр мебарад (ниг. ба замима, фасли «Чӣ тавр аз фавти падарам хабар ёфтам»).
Моҳи марти соли 1934 як зумра тарбиятгирандагони хонаи бачагони Муъминобод, аз ҷумла Соҳибназар, ба хонаи бачагони Тебалай интиқол дода мешаванд. Соҳибназар хурсанд буд, ки боз дар ҳимояи бародар қарор дорад, бародаре ки бо сабаби қуввату ғайрати наврасӣ суханаш барои тамоми бачагони сағирхона қонун аст. Ва ҳамин мақоми сарварии Мирзоназар буд, ки гоҳи таътил, вақте ки як гурӯҳ бачагони калонсолтари сағирхонаи Тебалайро ба Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикистонии шаҳри Самарқанд мефиристанд, дар миёни онҳо Соҳибназари лоғарбадани 10-сола ҳам буд.

пешина
аз 148
навбатӣ