Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соҳибназар бо бародараш дар курсҳои якум ва дуюми тайёрии омӯзишгоҳи мазкур ду сол таҳсил мекунанд ва аз муаллимоне чун Ҳамид Бақозода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Саломзода, Аминов аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, табиатшиносӣ, ҷуғрофия сабақ мегиранд. Устод Табаров ин муаллимонро ҳамеша бо некӣ ва арзи сипос ёд мекунад:
«Ҳамид Бақозода аз китоби «Сарф» ба мо дарс мегуфт, – ёдовар мешавад шогирди содиқ. – Ӯ ҷавони резапайкари хеле меҳрубон буд. Бо овози паст сухан мекард ва ҳеҷ гоҳ гапи баланд надошт. Мо ӯро дӯст медоштем ва дарсашро бесаброна интизорӣ мекашидем. Хислати Ҳамид Бақозода ба писараш Ҷӯрахон Бақозода гузаштааст» (аз суҳбат).
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар Самарқанд, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон тааллуқ дошт, таҳсил кардани тоҷикбачаҳои аз Тоҷикистон омада мамнӯъ гардид. Ин аст, ки тоҷикистониёни калонсолтари Омӯзишгоҳи педагогии
4 тоҷикии Самарқанд, аз ҷумла Мирзоназарро, ба муаллимии курсҳои маҳви бесаводӣ сафарбар намуда, боқимондаро ба Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент ба номи А.В.Луначарский интиқол доданд. Соҳибназар соли таҳсили 1936-1937 дар курси (асоси) якуми омӯзишгоҳи макур таълим мегирад, вале азбаски бародари муттакояш дар Муъминобод ба муаллимӣ машғул буд, танҳоӣ ва душворӣ мекашад. Ин аст, ки таҳсил тамом шудан замон ҳуҷҷатҳои ба курси (асоси) дуюм гузаштанашро гирифта, худашро ба Дуоб ба назди бародараш мерасонад.
Соҳибназар тобистони соли 1937 дар курсҳои маҳви бесаводӣ дарс медиҳад ва мехоҳад, ки чун бародар хонданро тарк карда, минбаъд ба муаллимӣ машғул шавад, аммо Мирзоназар ӯро водор мекунад, ки хонданро дар Омӯзишгоҳи педагогии ба номи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб идома диҳад ва Соҳибназар мувофиқи раъи бародар соли 1937 дар курси дуюми ин омӯзишгоҳ дохил шуда, онро соли 1939 бо баҳои

4
Мирзоназар, ки намехост додари лоғару маъюбашро танҳо гузорад,
ҳамроҳи бародар ба Панҷакент меояд, вале бо сабабе маҷбур мешавад,
ки августи соли 1936 роҳи Муъминободро пеш гирад (ниг. ба замима).

пешина
аз 148
навбатӣ