Муҳаққиқи соҳибмактаб

гар ба Душанбе омада, тақдирашро ба ин шаҳри ҳамсоли худ ба якборагӣ пайваст, Табаров Соҳиб Шуҳратиевич буд.
Устод Соҳиб Табаров ҳамагӣ 15 сол дошт, ки истиқоматкунандаи доимии шаҳри Душанбе шуд ва дар муддати солиёни зиёд баробари шаҳри дӯстдоштаи худ сабзид, камол ёфт ва дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонон ва илми суханшиносии тоҷик нақши корӣ гузошт, умри азизи хешро сарфи хома намуд ва ҳоло ҳам, дар синни мубораки 90-солагӣ, бо дастони ларзон ва чашмони обрав хомаро аз каф намегузорад. Дар симои нуронии ин пири хирад тамоми таърихи шаҳри Душанбе чун дар ойина ҳувайдо мебошад.
II
3 Тирамоҳи соли 1924 дар деҳаи Чорраҳаи ноҳияи Муъминобод, ки ҳамагӣ аз ҳашт хонавода иборат буд, дар ойилаи Табар валади Раҳим ном марди фақир писар ба дунё меояд. Писари нахусти ин хонадон Мирзоназар ном дошт ва навзодро дар радифи исми бародараш Соҳибназар ном медиҳанд.
Номҳои зебо ва пурмуҳтавои фарзандон гувоҳи соҳибмаърифатии ин хонадони кӯҳистонӣ мебошад: бародарони Табар – Иброҳим ва Эмом пайваста дар суҳбати шоири охири асри XIX ва ибтидои асри XX Файз Алам (Аламӣ), ки дар деҳаи ҳамсоя – Шохандоз зиндагӣ мекард, қарор доштанд.
Модари фарзандон – Майсарамоҳ дар Ҳазрати Эмом ном деҳаи сернуфус, косибшин ва дорои мадрасаву бозори ноҳияи Даштиҷум ба дунё омадааст ва бародарони ӯ домулло Назар ва домулло Алӣ чун донишмандони соҳибмадраса ангуштнамои ноҳия буданд. Ба гуфти профессор Х.Асозода: «Табару Майсарамоҳ аз як аҷдоду авлод буда, бо бобокалонашон Рус-
2 Соҳибназар бори аввал охири тобистони соли 1934, гоҳе ки онҳоро аз хонаи бачагони Тебалайи минтақаи Кӯлоб ба Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии Самарқанд мебурданд, Душанберо дида он ҷо то ҷамъ кардани бачаҳои минтақаҳои дигари Тоҷикистон чанд рӯз истода буд.
3 Соли таваллуди С.Ш.Табаров дар ҳуҷҷатҳо аввал 1923 ва баъдтар 1924 қайд гардидааст ва худи устод моҷарои соли таваллудашро дар дафтари хотираҳояш басо муфассал ба қалам додаст (ниг. ба қисмати замима - «Ёде аз гузаштарӯзҳо»). Мо соли таваллуди устодро мувофиқи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии баъди он ба эътибор гирифтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё