Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.
Муҳаммад Иқбол
БОБИ 1.
ЗИНДАГИИ БОШАРАФУ ИБРАТОМӮЗ

ҲАМСОЛИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРӢ

I
14 октябри соли 2014 пойтахти ҷумҳурии азизамон – шаҳри Душанбе ҷашн дорад. 90 сол пеш аз ин бар асари тақсимоти ноодилона ва манфиатҷӯёнаи ҳудудҳои миллӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба миллати фарҳангиву сернуфуси Осиёи Миёна – тоҷикон сарзамини Бухорои Шарқӣ насиб гардид ва пойтахти Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон деҳаи Душанбе қарор дода шуд. Миллати азиятдидаи тоҷик, ки бар асари ба ғояҳои бузургманишии пантуркистон мусоидат намудани ҳукуматдорони Шӯравӣ зери хавфи нестшавӣ монда буд, аз ин имконияти камтарини таърих рӯҳ гирифта, омодаи дар ҷомеаи умумибашарӣ садо баланд кардан шуда, ба тамоми ҳастӣ ба фаъолияти бунёдкорӣ ва созандагӣ оғоз намуд. Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи ҷомеаи тоҷикон ва родмардони алоҳидаи он ба ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаи Хуҷанд ҳамроҳ гардид ва моҳи октябри соли 1929 он аз
1 ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо гардида, Душанбе чун пойтахти ҷумҳурии мустақил имконияти тараққиёти боз ҳам бештар пайдо намуд.
Дар солҳои 30-юми садаи ХХ афроди зиёди гуногунсиннусолу мухталифпеша аз Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва ноҳияҳои Тоҷикистони ҷанубу шарқӣ ба Душанбе мерехтанд ва дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат бомуҳаббат ҳиссагузорӣ мекарданд, ба дараҷае ки аҳолии он аз шаш ҳазори соли 1926 соли 1939 ба 83 ҳазор расид. Ва яке аз он ҷавонони кӯҳистоние, ки охири солҳои 30-юм бори ди-

1 Душанбе соли 1929 Сталинобод ном гирифта, соли 1961 боз ба номи пештарааш баргардонида шуд.

пешина
аз 148
навбатӣ