Муҳаққиқи соҳибмактаб

Чеҳраи воқеии устод Табаров дар осори бадеӣ ва пубдитсистии Абдулҳамид Самад, Ғоиб Сафарзода, Ҳақназар Ғоиб, Ҳоҷӣ Мурод, Муҳаммад Ғоиб, Эргаш Шоев барин адибон низ мавриди тасвир қарор ёфтааст.
Муаллифи ин сатрҳо низ мисли як шогирд дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод Табаров чанд мақола таълиф намудаам ва тасмим гирифтам, ки ин мақолаҳоро бо иловаи чанд мақолаи дигар ба шарафи 90-солагии муборак дар шакли маҷмӯа ба хонанда пешкаш намоям. Мақолаҳо дар солҳои гуногун таълиф ёфтаанд, бинобар ин табиист, ки баъзе лаҳзаҳои ҳаёт ва санаҳои зиндагӣ ва фаъолияти кории устод такрор ёфтаанд.
Муаллиф аз дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Наврӯз Қаландаров ва мудири «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» дар маркази ноҳияи Муъминобод Олимҷон Табаров барои ёрӣ ва дастгириашон дар ин кори хайр минатдор ва сипосгузор аст. Умед аст, ки ин асар ба аҳли илму фарҳанг ва оммаи хонандагони тоҷик писанди хотир меафтад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё