Муҳаққиқи соҳибмактаб

САРСУХАН
Моҳи ноябри соли 2014 ба зодрӯзи адабиётшиноси варзида ва мунаққиди барҷастаи тоҷик Соҳиб Шуҳратиевич Табаров 90 сол пур мешавад. Зиндагӣ ва фаъолияти илмию таълимии ин шахсияти машҳури фарҳангӣ ба роҳи душвору ноҳамвор, вале пурҷӯшу хурӯши Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз пайваста ва тавъам аст ва месазад гӯем, ки устод ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳамсол ва ҳамтақдир мебошад.
Оид ба роҳи ҳаёту фаъолияти пурбаракати илмӣ, омӯзгорӣ ва роҳбариву раҳнамоии устод Табаров асару мақолаҳои зиёди адабиётшиносону суханварони ватаниву хориҷӣ ва шогирдону ҳаводороне чун Ян Рипка, Иржи Бечка, Д.С.Комиссаров, Худоӣ Шарифов, Солеҳ Салоҳов, Атахон Сайфуллоев, Бароталӣ Нозимов, Асадулло Саъдуллоев, В.Белан, Аълохон Афсаҳзод, Я.Налский, Д.М.Молдавский, Ҳасан Муҳаммадиев, О.Кладо, Ҳафиз Раҳмонов ба табъ расидаанд. Махсусан, асару мақола ва мусоҳибаҳое, чун «Соҳиб Шуҳратиевич Табаров» ва «Саҳифаҳои пурифтихори марди ҳунар» (Раҳим Мусулмонқулов), «Кашшофи рози адабиёт» (Худойназар Асозода), «Сухан бурҷ асту маънӣ офтобаш» (Асадулло Сӯфизода), «Ҳимоятгузори адабиёт ё нигоҳе ба мактаби эҷодии Соҳиб Табаров» (Абдуҷаббор Раҳмонов), «Машъалафрӯз» (Абдулҳай Маҳмадаминов), «Ду суханвари барҷаста» (Мирзоалӣ Партовов), «Фазилати нотакрор» (Ҷумъахон Сафаров), «Агар медонистам, ки ин қадар зуд пир мешавам…» (Абдуқодири Раҳим), «Таърих худаш қазоват мекунад…» (Боймурод Шарифов), «Пажуҳишгари нодиру камназири адабиёт» (Муртазо Зайниддинов), «Белинскии тоҷик» (Шодӣ Шокирзода), «Боқӣ Раҳимзода ва Соҳиб Табаров» (Пиралӣ Қурбонов), «Адабиётшиноси соҳибмактаб» (Мирзо Солеҳов), «Ҳамадону ҳамакору ҳамафаҳм» (Ҳуснигул Талбакова), «Дилбину раҳнамо» (Эргаш Шоев) самараи меҳнати илмию омӯзгории ин муҳаққиқи фарзонаро басо равшану амиқ инъикос менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё