Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ва ҳамин иртиботи мустаҳкам ба китобхона буд, ки моҳи августи соли 1999 устод Табаров ба унвони «Хонандаи фахрии Китобхонаи миллии Тоҷикистон» № 1 мушарраф гардид.
Бояд гуфт, ки бо таълифи асари «Материалҳо оид ба омӯхтани таърихи адабиёти советии тоҷик» (1948) ва дифои рисолаи номзадӣ (1949) дар яке аз марказҳои бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ – шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт- Петербург) давраи дувуми фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устод Табаров оғоз меёбад ва он ба воқеаҳои муҳимми иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистони шӯравӣ иртибот мегирад. Аз ҷумла, таъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948) дар ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ҳодисаи басо муҳим ва тақдирсоз буд. Махсусан сарварии кафедраи забон ва адабиёти тоҷикро ба ӯҳда гирифтани донишманди маъруф, академики Академияи улуми Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев, ки дар мактаби шарқшиносони барҷастае чун Е. Э. Бертелс, А. А. Фрейман, И. И. Зарубин таълим гирифта, ба тавассути заковат ва маҳорати фавқулодда ба дастовардҳои барҷастаи илмӣ ноил гардида буд, дар рушду нумуи филологияи тоҷик такони ҷиддӣ бахшид. Аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба ҳайати кафедраи донишмандону мутахассисони варзида аз қабили Шарифҷон Хусейнзода, Баҳром Сирус, Муллоҷон Фозилов, Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода шомил гардида, ба фаъолияти пурсамари илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ шуғл варзиданд.
Устод Табаров низ чун мутахассиси варзидаи соҳаи филологияи тоҷик ва ҷавони саршори ғояҳои милливу масъулияти ватандорӣ ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ворид гардид, дар мактаби илмии академик Абдулғанӣ Мирзоев тарбият ёфт ва баъдҳо худ мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овард.
Истифодаи самараноки ҳар лаҳзаи умри азиз, ба тамоми ҳастӣ омӯхта ва дар адабиётшиносии тоҷик татбиқ намудани усулҳои пешқадами тадқиқоти илмии ҷаҳонӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таълими шогирдони Донишгоҳ ва басо амиқ муайян намудани қобилияту истеъдоди муътақидони роҳи илм ба устод Табаров имконият доданд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ чун мунаққиди асил, адабиётшиноси барҷаста ва омӯзгори сахтгиру ғамхор эътироф гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё