Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ҳамчунин, ӯ дар ин айём дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Кӯлоб», «Пионери Тоҷикистон» ва «Васияти Ленин»
хабарҳо чоп мекард. Ҳангоми таҳсил дар Инситути омӯзгории Душанбе бошад, Соҳибназар вақти зиёди худро ба омӯзиши соҳаҳои гуногуни илм, махсусан илмҳои филологӣ, сарф мекунад ва табиист, ки ӯ акнун ба навиштани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ шурӯъ менамояд.
Ҷолиби диққат аст, ки устод Табаров дар оғоз ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда будааст. Дар яке аз шумораҳои соли 1939 маҷаллаи «Ғунчаҳои наврас» ҳикояи ӯ бо номи «Майрамой» ба табъ мерасад ва соли 1940, ҳангоми донишҷӯи курси якуми Институти омӯзгорӣ будан ҳамроҳи Низом Нурҷонов (санъатшиноси барҷастаи ҷумҳурӣ), ки он вақт дар институти дусолаи муаллимӣ таҳсил мекардааст, песаи якпардагии «Пионери қаҳрамон»-ро менависанд ва барои ин песа аз Хонаи эҷодиёти халқ, ки сардораш М.Турсунзода будааст, ҳаққи қалам ҳам гирифтаанд. Вале донишу ҳуш ва рафтори ибратбахши муаллимоне чун Абдулғанӣ Мирзоев ва Лутфулло Бузургзода шогирди иродатмандро ба ҷодаи илми суханшиносӣ раҳнамун месозад.
Махсусан, он ҳодисае, ки соли 1941 муаллимони азиз ва ҳамкурсонаш ба майдони ҷанг рафта, аксари онҳо дигар барнагаштанд, ба ин ҷавони ҳассос таъсири гарон бахшид ва ӯ қавл дод, ки барои ба амал овардани армонҳои муаллимону дӯстони номуродаш низ дар ҷодаи илму дониш кӯшиш намояд.
Соҳибназари донишҷӯ ва баъдҳо муаллиму аспирант ҳар рӯз соатҳои зиёд дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ менишаст, худ ҳарисона меомӯхт ва баҳри саводнок шудани аҳолии мамлакат талош меварзид. Мақолаҳои ба ҳаёту фаъолияти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Дақиқӣ, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш, А.С.Пушкин, Л.Н.Толстой, А.П.Чехов, Иван Франко, Максим Горкий, В.Г.Белинский, Бетховен, Ж.Б.Молер барин донишмандон ва суханварони ҷаҳонӣ бахшида, ки дар байни солҳои 1941-1947дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд, дорои аҳамияти зиёди маърифатӣ буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё