Муҳаққиқи соҳибмактаб

Банӣ- одам аз илм ёбад камол,
На аз ҳашмату ҷоҳу молу манол.
БОБИ 2.
САМАРАИ УМРИ ГАРОНМОЯ
МАКТАБИ АДАБИЁТШИНОСИИ
СОҲИБ ТАБАРОВ
Устод Табаров аз зумраи он шахсиятҳои бонуфузи фарҳангиест, ки дар як давраи басо ҳассоси таърихи халқи тоҷик ба арсаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ қадам гузошта, тавассути ақли даррок, зеҳни бурро, хотираи мустаҳкам ва ҳисси баланди омӯзандагию масъулияти ватандорӣ ба шеваи хоси тадқиқи бадеӣ муваффақ гардид, ба дараҷае ки асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва танқидии ин муҳақиқи пуркору заҳматкаши тоҷик берун аз хоки Тоҷикистон низ мавриди истифодаи донишмандони шинохта қарор гирифт.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқ ба фаъолияти омӯзгории эшон тавъам буда, барои насли имрӯзу минбаъдаи миллати тоҷик қобили омӯзиш ва баҳрабардорӣ мебошад.
«С.Ш.Табаров, – навиштааст адабиётшинос Р.Мусулмонқулов соли 1984, – хеле барвақт – ҳанӯз дар 14-солагиаш қалам ба даст гирифтааст» (25, 15). Ва ин андешаро худи устод Табаров дар мусоҳиба ба рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим чунин баён мекунад: «Аз соли 1937 дар рӯзномаи деворӣ навиштаҳоямро ҷой доданд. Дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ аз соли 1938 хабару мақолаҳоям ба табъ мерасиданд, он вақт ки дар Омӯзишгоҳи Кӯлоб таҳсил мекардам»(1,187).
Соҳибназар ҳангоми таҳсил дар ин омӯзишгоҳ муҳаррири рӯзномаи девории «Машъали пионерӣ» ва яке аз фаъолони маҷаллаи «Ғунчаҳои наврас» буд, ки ҳар сари чанд вақт дар ҳаҷми 100-150 саҳифаи дастнавис ба табъ мерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё