Муҳаққиқи соҳибмактаб

Зеро ӯ ҳам ба воситаи эҷодиёти худ, ба воситаи осори илмии худ, ба воситаи тарбия намудани садҳо шогирдон корнамоии беҳамтое нишон додаст, аз тарафи дигар, баҳри фардои неки халқи азизаш, баҳри ифтихори миллиаш, баҳри истиқлолияти башарият бо аслиҳа бар зидди фашизм ҷонфидоӣ намудааст.
Номи ин фарзанди фарзонаи миллат, муҳофизи далери Ватан, устоди даҳҳо олимон, нависандагон, рӯзноманигорон, шевашиносон, фолклоршиносон то ҳаёт аст, зинда мемонад.
Банда назди ин марди бузург як умр сари таъзим фуруд оварданро вазифаи муқаддаси худ мешуморам»(57, 134).
Оре, Соҳиб Табаров бо сабаби фалаҷ будани як пояш натавонист, ки дар майдони ҷанг бо устоди худ китф ба китф монда, дар ҳимояи Ватани азиз ҷонбозиҳо намояд. Вале фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгории устодро бурдборона ва садоқатмандона идома бахшид, ба дараҷае ки худ устоди арҷманди садҳо шогирдон гардид ва чун сермаҳсултарин олими адабиётшиноси ҷумҳурӣ дар илми тоҷик мактаби филологии пурқуввате ба вуҷуд овард. Гӯё шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ ин байтро маҳз ба хотири чунин номбардори номвар гуфтааст:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Соли 2000

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё