Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Олим ва мунаққиди ҷавон соли 1953 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мегардад. Худи ҳамин сол, вақте ки кафедраи мазкур ба кафедраҳои забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик ҷудо мегардад, сарвари кафедраи адабиёти тоҷик ба зимаи Табаров С.Ш. вогузор мешавад ва дар муддати 28 соли роҳбарӣ устод ҳамроҳи шогирдони баргузида ба иқтидори баланди илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии кафедра муваффақ мешаванд.
Моҳияту раванди илмии мактаби адабиётшиносии Табаров С.Ш. аз як нигоҳи иҷмолӣ ба осори илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-омӯзгории соҳибмактаби он басо равшан ҳувайдо мегардад. Устод умри азизи худро ба тадқиқу баррасии масъалаҳои бунёдии таърихи адабиёти тоҷики қарни ХХ, нақди адабӣ, назарияи адабиёт, матншиносӣ ва адабиётшиносии муқоисавӣ бахшидааст ва муаллифи беш аз 800 рисола, китоби дарсӣ, воситаву барномаи таълимӣ, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.
«Соҳиб Табаровро хонандагони тоҷик пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама ҳамчун мунаққид мешиносанд. Зиёда аз нисфи асарҳои чопии ӯ тақризу мақолаҳои танқидӣ оид ба асарҳои нави адибони тоҷик мебошад»(26, 16). Дар ҳақиқат, осори қисми кулли адибони тоҷик, ки дар солҳои 40-80 садаи ХХ фаъолият намудаанд, ба мулоҳизаҳои танқидии ин мунаққиди пуркору воқеъбин дучор омадаанд. Махсусан, асарҳои Ҳаким Карим, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода,Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, ки бори асосии насру назми тоҷикро дар ин айём ба дӯш доштанд, ҳамвора таҳти таҳлили ҷиддӣ ва муфассали мунаққид қарор гирифта, арзишҳои адабиву эстетики онҳо вобаста ба талаботи давру замон муайян карда мешуданд.

пешина
аз 148
навбатӣ