Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Назари танқидии мунаққид ба осори адибони ҳамзамон ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ ибтидо гирифта, аз нимаи дуюми солҳои чилуми асри гузашта басо густариш меёбад ва аз лиҳози назария ва услуби нақди адабӣ комил мегардад. «Чунин назари пурвусъат ва танқиди дилсӯзона, – гуфтааст адабиётшинос А. Раҳмонов, – дар мақолаву тақризҳои «Москваҷони азиз» (1945), «Романи аввалини нависанда Раҳим Ҷалил» (1947), «Дар бораи «Муъҷизоти халқ»(1946), «Дар бораи очерк»(1946) низ чашмрас мебошад. Муаллиф дар таълифоти фавқуззикр дар танқиди адабии касбии тоҷики асри ХХ ҷуръат ва тавоноии фардӣ пайдо кардааст ва биниши шахсии худро нисбат ба ҳусну қубҳи асари адибон ифода гардонидаст»(36,4).
Дар солҳои панҷоҳум мунаққид ба «аҳамияти асари бадеӣ, маҳорати эҷодкор, қонунмандии рушди адабиёти муосир»(30, 4) зиёда таваҷҷуҳ менамояд. Достони «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода вақте ки соли 1954 аввал дар маҷаллаи «Шарқи сурх» ва баъд ҳамчун китоби алоҳида чап гардид, таваҷҷуҳи С.Табаровро ба худ ҷалб намуд.
Мунаққид ҳанӯз дар нимаи аввали соли 1955 оид ба ин асар тақризи муфассал навишта, дар баробари комёбии бебаҳси адабиву эстетикӣ, норасоиҳои мундариҷавӣ ва услубии онро ошкор намуда, масъалаи таҳрири нави асарро ба миён мегузорад: «Ҳоло дар достони «Ҳасани аробакаш» баъзе образҳо танҳо номбар шудаанду бас ва тараққии ояндаи худро талаб мекунанд. Ғайр аз ин як қатор эпизодҳои достон ва махсусан бобҳои сеюм ва чоруми он, ки аз ҷиҳати инъикоси воқеаҳо ва муборизаву зиддиятҳо суст мебошанд, таҳрир ва иловаҳои навро талаб мекунанд, чунки дар достон ва махсусан дар бобҳои номбурдашуда зиддиятҳои ҳаётии давра ҳоло кам тасвир ёфтаанд»(66, 213).
Мулоҳизаҳои холисона ва воқеъбинонаи танқидии С.Табаров шоири ҳақиқатпазирро водор мекунад, ки асарро ҷиддан таҳрир намуда, ба он ғайр аз тағйироти ҷузъӣ 48 банди чаҳормисраъгӣ илова намояд ва бо ҳамин ба офаридани як асари марҳалавиву навоваронаи таърихи назми давраи

пешина
аз 148
навбатӣ