Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нави тоҷик муваффақ шавад, ба дараҷае ки устод Турсунзода барои ин достон (ҳамроҳи «Садои Осиё») соли 1960 сазовори Ҷоизаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи адабиёу санъат
– Мукофоти ленинӣ гардид.
Муаллими зиндаёд Хайрулло Муҳибов тавассути муқоисаи матнҳои чопии «Ҳасани аробакаш» ба хулосае меояд, ки таҳрири минбаъдаи достон ба тақризи мунаққид иртиботи комил дорад: «Ҳарчанд худи М. Турсунзода дар ин хусус, яъне ба инобат гирифтани фикру мулоҳизаҳои танқидии С.Табаров ишорае накардааст, вале аз таҳриру иловаҳои достони «Ҳасани аробакаш» равшан мешавад, ки шоир он фикру мулоҳизаҳои танқидиро бодиққат омӯхта барои ислоҳи як қисми муҳимми он кӯшиш карда будааст» (28, 59-60).
Дигар аз хусусиятҳои хоси нақди Соҳиб Табров дар он аст, ки устод зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро мавриди таҳлилу тадқиқ қарор медиҳад ва бо ҳамин, чи хеле ки аз тақризҳои пай дарпайи мунаққид ба осори Муъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муҳиддин Хоҷаев, Юсуфҷон Акобиров, Ғоиб Сафарзода, Гулрухсор Сафиева… бармеояд, адибони ҷавони соҳибистеъдодро бо роҳи мақбул ва самараноки эҷодӣ ҳидоят менамояд. Аввалҳои соли 1859 чанд шеъри шоири ҷавон Муъмин Қаноат дар маҷаллаи «Шарқи сурх» чоп мешавад ва мунаққид дар аввалин шеърҳои шоир сухани нав, фикри тару тоза ва услуби марғуби гуфторро дарёфта, дар мақолаи «Парвоз ба сӯи назми олӣ» ба таҳлили шеърҳои маҷалла мепардозад ва ба чунин хулоса меояд, ки:
«Дар ҳангоми беш аз беш инкишоф додани истеъдод ва омӯзиши зиёд дар гулистони назми имрӯзаи тоҷик садбарги тозаю хушбӯю хушранги зебое хоҳад сабзид» (66, 297).
Вале шаклу услуби баёни номатлуби шеърҳои дар шумораи 12-уми «Шарқи сурх» (1959) чоп шудаи Муъмин Қаноат мунақкидро ба ташвиш меорад ва ӯ дар мақолаҳои «Фикр пурмазмун бошаду баёнот содаву возеҳ» маҳз камбудӣ ва норасоиҳои услубии ашъори тозаэҷоди шоирро таъкид менамояд, зеро «пешгирӣ намудани баъзе норасоиҳои шаклу услуб ва нишон додану ислоҳ кардани онҳо ба равшан ва пурмазмун ифода ва баён намудани мундариҷаи ашъори шоир ёрӣ мерасонанд» (66,298) Муъмин Қаноат шеърҳои танқидшуда, аз ҷумла, шеъри «Аҳсант ба одам!»-ро, ки ба таъбири мунаққид, аз лиҳози мавзӯи асосӣ нотамом ва аз ҷиҳати услуб печдарпечу мураккаб буд, аз нав таҳрир карда, матни тоза ва пурмазмуну баландсанъати онро ба хонанда пешниҳод мекунад ва муҷиби қаноатмандии мунаққид мегардад (66,300).

пешина
аз 148
навбатӣ