Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мунаққид боз дар тақризҳои «Табъи чун шамъ зинда» ва «Кашфи асрори мавҷҳо» маҷмӯаи «Ситораҳои замин» (1963) ва достони «Мавҷҳои днепр»-ро (1964) мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода, дар муайян намудани роҳи эҷодӣ ва рушду нумуи ҳунари нигорандагии ин шоири боистеъдоди тоҷик саҳми муносиб мегирад.
Устод Табаров дар тақризҳои «Очерк ва ҳикоя – жанрҳои ҷанговари насри имрӯзаи тоҷик», «Сухани ҳақ дар олами тираи асри ХХ», «Гуфтор дар бораи инсон ва инсонгарӣ», «Вафодорӣ ба услуб», «Бақои услуб»… раванди эҷодии дигар адиби боистеъдоди тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиевро аз очерк ва ҳикояҳои аввалинаш сар карда то қиссаҳои «Шоҳии япон», «Варта» ва романи «Палатаи кунҷакӣ» ба тадқиқ мегирад ва агар дар тақризи аввал оид ба камбудиҳои асарҳои нахустини Ф. Муҳаммадиев сухан равад, пас дар мақолаҳои охир камолоти услуби баёни нависанда ва бо тасвирҳои равонию фалсафӣ ганҷинаи насри нави тоҷикро бою ғанӣ гардондани осори адиб бо қаноатмандӣ иброз мегардад.
Нақди устод Табаров ҳусну қубҳи асари бадеиро ба таври фарогир нишон дода, дорои ҷанбаи амиқи омӯзандагӣ ва ҳидоятмандӣ мебошад ва эҷодкоронро водор мекунад, ки ба арзишҳои бадеӣ ва иҷтимоии асар зиёда таваҷҷуҳ карда, мувофиқи талаби фарҳанги замон эҷод намоянд. Дар тақризҳои «Ҳикоянависӣ кори саҳл нест» ва «Назм низом металабад» дар мисоли ҳикояҳои М.Шарқӣ ва Б. Ортиқов ва шеърҳои М. Миршакар муносибати саҳлангоронаи зумрае аз адибони давр ба сухани воло ва ҷанбаҳои шаклию услубии адабиёти бадеӣ, ки муҷиби коҳиш ёфтани завқу салиқаи хонанда мегардад, ошкор мешавад ва ин танқиди ҳақиқӣ ва солим аз доираи эҷодкорони алоҳида баромада, инкишоф ва пешравии кулли адабиёти бадеиро таъмин мекунад.

пешина
аз 148
навбатӣ