Муҳаққиқи соҳибмактаб

Яъне, нақди устод Табаров, ки дар асоси дониши фаровон, истеъдоди комил, ҷаҳонбинии васеъ, ҷасорат ва муносибати холисона ба асари бадеӣ фароҳам омада саросар аз бурҳони қотеъ иборат мебошад, намунаи олии накди адабӣ дар адабиётшиносии давраи нави тоҷик ба шумор меравад. Ин нақд, ки муносибати адабиёти бадеиро ба ҳаёти воқеӣ талқин мекунад, чи хеле ки адабиётшиносон низ ишора кардаанд, усули таҳқиқу танқиди мунаққидони бузурги рус В. Г. Белинский, Н. А. Чернишевский ва Н. Добролюбовро ба хотир меорад. Ш.Шокирзода дар «Белинскии тоҷик» ном мақолааш қайд кардааст, ки: «Нигорандаи ин сатрҳо ба андешаи онҳое мувофиқ аст, ки Соҳиб Шуҳратиевичро Белинскийи тоҷик медонанд, зеро ӯ, бегумон, дар адабиётшиносии муосири тоҷик анқариб ҳамон кореро карда тавонист, ки мунаққиди барҷаста В.Г.Белинский дар нимаи аввали садсолаи Х1Х ҳамчун классики танқиди адабӣ барои адабиёти рус ба сомон расонид»(74,30).
Бояд гуфт, ки як қисмати мақолаҳои С. Табаров, ки ба нақди адабӣ бахшида шудаанд, дар асари 5-ҷилдаи мунаққид
– «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (солҳои 1966-1969) фароҳам оварда шудааст ва аз мундариҷаи ин китобҳо бармеояд, ки устод ба ҳамаи жанрҳои нақди адабӣ- тақриз, мақола, руқаот, симои адабӣ, эсеи танқидӣ, хулоса таваҷҷуҳ зоҳир кардааст ва ба ин восита на танҳо асарҳои бадеии нав ба вуҷудоянда, инчунин эҷодиёти нависандагони ҳозира ва раванди адабиёти муосирро низ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додааст. Масалан, агар дар мақолаи «Баъзе мулоҳизаҳо дар бораи Боқӣ Раҳимзода» роҳи эҷодии ин шоир дар муддати 20 сол ба тадқиқ омада бошад, пас, дар мақолаи «Баъзе масъалаҳои миллӣ ва интернатсионалӣ дар адабиёти советӣ» хусусиятҳои миллӣ ва байналмилалии адабиёти нави тоҷик дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ баррасӣ мегардад ва муаллиф зимни таҳлил ба чунин натиҷаи амиқ мерасад, ки: «Ҳар як адабиёти миллии советӣ дар услубу равия, шаклу поэтика, санъату воситахои тасвири бадеӣ ва татбиқи тамоми қонуниятҳои эҷодиёти адабӣ- бадеӣ мустақилияти комили худро нигоҳ медорад ва ҳар кадоме бо кашфиёти бадеии худ ганҷинаи чи адабиёти сермиллати советӣ, чи адабиёти иттиҳоди сотсиалистӣ ва чи адабиёти ҷаҳониро бой мегардонад» (68,48).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё