Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод аз даъватҳои пайдарпаи фарзандон гоҳо дудила мешуд ва «шояд дар дами пирӣ назди фарзандон будан беҳтар аст?» гуфта аз ҳамсари меҳрубонаш маслиҳат мепурсид. Ванда Витолдовна: «Домулло, ба Россия рафта чӣ кор мекунем? Он ҷо мову Шуморо кӣ мешиносад? Фарзандон ҳам ба корҳои худ овораанд. Барои мо дар Душанбе будан хуб аст. Мо тамоми умрамонро сарфи роҳи маърифатомӯзии аҳолии ин сарзамин намудем ва албатта заҳмати моро халқи тоҷику давлати Тоҷикистон қадр мекунанд. Ин ҷо ба ҳар ҳол моро хор шудан намегузоранд». Ва устод шод буд, ки ҳамсари меҳрубонаш ба ин обу хок муҳаббати самимӣ дорад, ба андозае ки худро ҳаққонӣ фарзанди ҷигарбанди ин диёр медонад.
Оре, домулло Табаров ба Тоҷикистон чун гӯшту нохун пайвастааст ва аз хурдӣ ба ин хоки муборак фарзандвор дил бастааст. Модар-Ватан аз синни 7-солагӣ дасти Соҳибназарро гирифта, ӯро дар сағирхонаҳои Муъминободу Тебалай, омӯзишгоҳҳои омӯзгории Самарқанду Панҷакенту Кӯлоб парвариш намуда, дониш омӯхт ва ба Институти давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкои Душанбе ҳидоят намуд.
Таҳсили Соҳибназари ҷавон дар мактаби олӣ (1939-1943) ба солҳои душвори ҷанги Олмон рост омад. Ба ҳамсабақон лозим меомад, ки ҳар сари чанд вақт гурӯҳи рафиқонашонро ашкрезон ба майдони ҷанг гусел намоянд. «Дар охир дар як курс танҳо ду кас мондем, як духтар ва банда, ки ба сабаби як поям маъюб будан ҳуқуқи ба фронт рафтан надоштам, – нақл мекунад устод Табаров. Вале устодон Лутфулло Бузургзода, Б.
Ниёзмуҳаммадов, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсуми, Лазеев П.Н., Павловский В.В…
(рӯҳашон шод бошад) бо ҳама душворӣ ба хотири таҳсилро давом додани ду донишҷӯ аз таҳти дил дарс медоданд. Камина курсҳои 3-юм ва 4-умро дар як соли таҳсил хатм намудам».
Устод Табаров чун дувумин дорандаи маълумоти олӣ дар минтақаи Кӯлоб (баъди Бозор Шарифзода ном шахс) бори зиёди масъулиятро ба дӯш гирифт ва баҳри рушду нумуи ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон камари ҳиммат баст, то гӯшаеро аз илму адаби ҷумҳурӣ обод намояд.

пешина
аз 148
навбатӣ