Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ӯ акнун кам сухан мекард ва гарми тамошои табиати зарҳалини тирамоҳ буд.
Дар роҳи Муъминобод – Кӯлоб чашмаҳо бисёранд ва устод назди ҳар чашма аз мошин фуромада об менӯшид, вале ба гарду чанги сару рӯю пӯшокаш эътибор намедод ва мо шогирдон низ ба устод пайравӣ карда, об менӯшидему чанги раҳро аз бадан намеафшондем.
Мошин дар Кӯлоб назди хонаи мо қарор кард ва меҳмонон сари қадам ба хона даромада (аз вафоти писари ҷавонмарги банда ҳанӯз як сол сипарӣ нашуда буд), ба арвоҳи гузаштагон дуо карданд. Ман офтоба дар даст «муаллим, сару рӯйро аз чангу хок пок мекардед» гӯён хостам ба дасти устод об резам, ки эшон:
- Не, не, Аламхонҷон, банда хоки зодгоҳамро дар мижгону сару рӯям ба Душанбе мебарам. Боз кай ба дидори Чорраҳа мерасида бошем? гӯён дар ойина бо меҳр назар афканд ва бо ҳамроҳонаш боз савори машина гардида, роҳи пойтахтро пеш гирифт. Дар ҳақиқат, бар асари воқеаҳои нохуши Тоҷикистон ва бо гузашти айём муаллими меҳрубони мо чанд сол имконият наёфт, ки гарди роҳи Чорраҳаро боз сурмаи чашмон намояд. Вале дар ниҳоди эшон ҳамеша ҷозибаи хоки поки зодгоҳаш эҳсос мешавад.
Нооромӣ ва душвории муваққатии ибтидои солҳои 90 боиси он гардид, ки зумрае аз зиёиёни тоҷик аз хоки Ватан фирор намоянд. Ва фарзандони ин оилаи баруманд низ (ҳоло Саодат ва Темур дар Россия, яке аз директорони мактаби мусиқии яке аз мавзеъҳои вилояти Маскав ва дигаре номзади фанҳои физикию техникӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи давлатии ба номи Иоффеи Санкт-Петербург, Лауреати мукофоти комсомоли умумииттифоқ, иқомат дорад) падари азиз ва модари меҳрубонашонро борҳо назди худ даъват намуданд. Вале устод Табаров мувофиқи ҳикмати:
Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам,
Дар банди ҷафо бошам, дар хоки Ватан бошам аз сарзамини аҷдодӣ дил канда наметавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё