Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барчида раҳ ба раҳ гули кимиёкаҳи сухан
Мардона мезанӣ асо андар раҳи ҳаёт…(16,76)
«ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ
СУЛАЙМОН ХУШТАР»

Тобистони соли 1991 адабиётшинос ва мунаққиди маъруф Соҳиб Табаров чун анъана сафари зодгоҳашро пеш гирифт.
Ин дафъа эшонро завҷаи меҳрубонаш Ванда Витолдовна, ки умри азизро сарфи тарбияи ҷавонони тоҷикистонӣ намудааст ва шогирди боэҳтиромаш Абдуҷаббор Раҳмонов ҳамроҳӣ мекарданд. Ва муаллифи ин сатрҳо низ аз Кӯлоб ба онҳо ҳамсафар шудам.
Сафарамон якрӯза буд, бинобар ин дарҳол роҳи зодгоҳи устод– Чорраҳаро пеш гирифтем. Машинаи пуриқтидори тамғаи УАЗ 469 баъди тай кардани роҳи мумфарши Кӯлоб – Муъминобод маҷбур буд, ки гашташро суст намояд. Гарду чанге, ки аз роҳи баландкӯҳу хоки Муъминобод – Чорраҳа мехест, сар то пои автомобилро фаро гирифт ва мо якдигарро базӯр медидем, вале ин вазъи нобоб табъи болидаи Соҳиб Шуҳратиевичро халалдор намекард.
Устод гарми суҳбат буд ва ҳар ваҷаб хоки диёрашро васф мекард. Дар бораи ҳар як деҳаи алҳол ноободи Дуоб чунон ботафсил сухан мекард, ки кас дар ҳайрат мемонд. Таърихи ҳар як боғ, ҳар як мазор ва ҳар як дарахти куҳансоли канори раҳро бо муҳаббат нақл менамуду мо гӯшу ҳуш будем…
Автомобил аз деҳаи Шаҳрак ягон ним километр ба тарафи ғарб ҳаракат карду рӯи як ҳамвории хирманмонанде қарор гирифт. «Ана, дар ҳамин ҷо як вақтҳо зодгоҳи азизи банда – деҳаи Чорраҳа қомат афрохта буд» гӯён устод Табаров аз мошин фуромад ва мо ҳам ӯро пайгирӣ намудем. Дар рӯи «ҳавлии падарии» устод то бегоҳ истироҳат намуда, чорвоеро, ки эшон бо худ оварда буд, хун кардем ва бо дуо арвоҳи гузаштагонро шод гардондем ва шаб дар деҳаи Шаҳрак истода субҳи содиқ ба роҳ баромадем. Боз чанги роҳ моро бо «навозиш» гусел мекард ва боз устод Табаров даврони кӯдакиро ёд меоварду мо сар то по гӯшу ҳуш будем.
Дар Муъминобод дидори шарифи бародари бузургвор ва ягона муттакои даврони бачагияш – Мирзоназар вуҷуди устодро ба риққат оварда буд.

пешина
аз 148
навбатӣ