Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Ман аҳд кардам, ки ба ҷои рафиқони дар ҷанги Олмон ҳалок гардидаам низ ба Ватан хизмат намоям», – бо сӯзу гудоз мегӯяд муаллим.
Ба илм ошноӣ пайдо кардани олими ҷавон ҳанӯз аз синни 14-солагӣ оғоз ёфта буд. Вале ӯ солҳои таҳсили аспирантура (1945-1949) ва сабақомӯзӣ аз Е.Э. Бертелс ва А. Мирзоев барин адабиётшиносони маъруф чун мутахассиси варзида ба камол расид, ба дараҷае ки макотиби олӣ ва муассисоти илмию матбуоти ҷумҳурӣ ба асару мақолаҳои ӯ рӯи ниёз доштанд.
Ҷустуҷӯҳои илмию эҷодии ин муҳаққиқ, дарахти навбареро ба хотир меоварад, ки сол то сол самараноктар мегардад. Хонандагони тоҷик ва умумиитифоқ ҳар сол то 18-20 асару мақолаҳои устодро мутолиа мекарданд ва ин анъана дар тамоми умри бобаракати эшон идома дорад. Имрӯзҳо, дар арафаи ҷашни 75-солагӣ устод аз он шод аст, ки «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» ном асараш аз тариқи нашриёти «Сино» ба табъ расида, асари ба шоир Саъдулло Рабиӣ бахшида дар нашриёти «Адиб» дар навбати чоп аст.
Фаъолияти илмӣ, танқидӣ ва омӯзгории устод Табаров тавъам, ҷиддӣ ва бурдборона буда, ба ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат зиёда мусоидат дорад. Махсусан солиёни зиёд (1952 - 1980) сарварии кафедраи назария ва адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро ба уҳда доштан устодро водор намуд, ки самти фаъолияти илмии хешро ба ихтисоси кафедра мувофиқ кунонида, дар ин соҳа шогирдони болаёқат ба воя расонад.
Ҳоло Барот Нозимов, Асадулло Саъдуллоев, Салоҳ Солеҳов, Раҳими Мусулмониён, Худойназари Асозода, Хайрулло Муҳибов, Абдулҳай Маҳмадаминов барин шогирдони эшон ҳар кадом дар ташаккули риштаи мушаххаси адабиётшиносии тоҷик ҳиссагузор ҳастанд.
Китоб, хоса дар ҳаёти олиму омӯзгору санъаткор, мавқеи аввалиндараҷа дорад. Ин аст, ки устод Табаров ба китобдориву китобнигоҳдорӣ зиёда ҳарис аст ва шояд, дар ҷумҳурӣ ба кам оилаи зиёие дучор оем, ки мисли хонаводаи ин марди фозил соҳиби чунин китобхонаи бою фарогир бошад ва шояд, баъзе нусхаҳои нодири ин ганҷина дар бонуфузтарин китобхонаҳои ҷумҳурият қарина надошта бошанд.

пешина
аз 148
навбатӣ