Муҳаққиқи соҳибмактаб

Соли 2001 Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон устодро ба унвони «Доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» сарфароз гардонд. Соли 2010 устод Табаров барои силсилаи рисолаҳои адабии тарбиявии солҳои охир («Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ», «Се маорифпарвари тоҷик дар бораи амирони манғит»…) ба ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадр карда шуд ва соли 2013 нашри дуюми рисолаи «Пайрав Сулаймонӣ» сазовори мукофоти АИ Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ гардид.
Дар маросими рӯнамоии китоби «Пайрав Сулаймонӣ», ки ибтидои моҳи марти соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аҳли фарҳанги ҷумҳуриямон баргузор гардид, директори китобхона академики АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимов ин китобро беҳтарин тадқиқот дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ва муаллифи онро суханшиноси воқеъбини сатҳи байналхалқӣ ва дорои мактаби адабиётшиносӣ номид.
Барои дар сатҳи байналхалқӣ шинохтан ва эътироф намудани Соҳиб Табаров таъсири чанд омили асосӣ, аз ҷумла ҳамвора мутолиа кардан, баҳрабардорӣ аз дидаву шунидаҳо ва вазъи мусоиди оилавӣ, баръало мушоҳида мешавад.
IV
Устод Табаров ҳамеша таъкид мекунад, ки ҷаҳонбинӣ аз дидану шунидан ҳосил мешавад ва худ бо сабабҳои айниву зеҳнӣ бисёр сафар накардааст. Дар «Таассуроти ақлу дил»
11.05.1968 менависад: «Кай ба ман муяссар мешуда бошад, ки кишвари бегонаро бинам. Не, як рӯзи Ватанам беҳ аз як моҳи мамлакати бегона. Кишварамро аз ҷону дилам ҳам зиёдтар дӯст медорам». Вале ҳангоми мактабхонӣ ва ҷавонӣ, ки айёми омӯзиш ва таҷриба андӯхтан мебошад, ба муаллимон ва шахсиятҳои зиёди фарҳангӣ, чун Ҳамид Бақозода, Мухтор Улуғзода, Ятимов, Лутфулло Бузургзода, Бобоҷон Ғафуров, Шарифҷон Ҳусейнзода, Мулло Эркаев, вохӯрда, аз таълиму тарбия ва суҳбати ҷонпарвари эшон бархӯрдор гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё