Муҳаққиқи соҳибмактаб

Табиист, ки пешаи мунаққидӣ ва боз нақди холисона ва бериёе, ки ба Соҳиб Табаров барин шахсияти якрӯю якзабон хос аст, дар зиндагӣ мушкилоти зиёде ба бор меорад ва устоди мо борҳо ба мухолифати шадиди зумраи ҳампешагони нониву забонӣ дучор шудааст. Соли 1962 рисолаи пурарзишу фарогири «Пайрав Сулаймонӣ» аввал ба ҳимоя тавсия мешаваду баъд «ба доираи диссертатсияи докторӣ ғунҷоиш надорад» (7, 74) гуфта он аз дифоъ боздошта мешавад.
Баъди ин ҳодиса устод Табаров дигар барои гирифтани дараҷаи илмии докторӣ кӯшиш намекунад ва боз вақте ки яке аз рисолаҳои дигари пурмуҳтавои С.Табаров «Симои ҷовидонии пешво дар адабиёти тоҷик» (1970) чоп мешавад, ба гуфти муаллифи китоб, «як гурӯҳ олимон маро раҳнамоӣ карда гуфтанд, ки ту рисолаи докториатро барои ҳимоя омода кун. Ва баъд ҳамон одамон ба ман монеа шуда, маро тавассути ВАК аз ин унвон маҳрум сохтанд. Ва банда аввалин дотсенти Донишгоҳ (аз соли 1951) будам ва ҳамин хел мондам» (71, 80).
Шояд чунин тангназариҳо ва қадрношиносиҳо боис гардид, ки устод Табаров соли 1985 кафедраи адабиёти советии тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро тарк карда, ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон ба кор меояд ва то ҳол чун сарходими илмии ин пажӯҳишгоҳ фаъолият дорад.
Устод акнун тамоми фурсати зиндагиро ба таҳқиқу таълифи асарҳои илмӣ сарф менамояд. Таваҷҷуҳи муҳаққиқро дар ин давра «омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти як зумра зиёиёни маъруфу машҳури тоҷик ва, пеш аз ҳама, Абдуррауф Абдураҳимов мутахаллис ба Миҷмар ва Фитрат (1886-
4 окт.1938), Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонов мутахаллис ба Мунзим (1875-5 марти 1934), Саъдулло Рабиӣ ва баъзе дигарон, ки дар охири солҳои сиюм ё таъқиб ё маҳкум ва ё қатл гардида буданд» (70, 99), ба худ ҷалб мекунад.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба устод Табаров рӯҳи тоза бахшид ва барои тадқиқи воқеии адабиёти нави тоҷик имконияти бештаре фароҳам овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё