Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод Табаров ҳамеша бо ифтихор қайд мекунад, ки: «Банда дар маркази илми Иттиҳоди Шӯравӣ – Ленинград рисолаи номзадӣ дифоъ кардам ва ҳамаи аъзои Шӯро академикҳо ва аъзо корреспондентҳои АИ СССР буданд».
Нимаи дуюми солҳои 40-ум ва солҳои панҷоҳум ба зиндагии Соҳиб Табаров пай дар пай комёбӣ ва хурсандиҳоро ба бор овард. Дар синни 25-солагӣ ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ соҳиб шуд. Ду сол пеш аз ин, соли 1947, ҳамроҳи устодаш Ш. Ҳусейнзода, А.Қаҳҳорӣ, М.Фарҳат, А.Шукӯҳӣ ва М.М.Явич ба узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС пазируфта шуд. Моҳи декабри соли 1947 ба ордени Нишони фахрии ИҶШС мушарраф гардид.
Аз ин пештар, баҳори соли 1945, ба ҷавондухтари фарзонаву зебопайкар – Ванда Витолдовна Яблонская, ки чанд сол боз якдигарро мешинохтанд, ақди никоҳ мебандад ва аз сентябри 1948, вақте ки дар Душанбе Университети давлатии Тоҷикистон таъсис меёбад, аввал дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷик муаллим мешавад ва ҳангоме ки кафедраи мазкур ба ду кафедра ҷудо мешавад (соли 1952), мудири кафедраи адабиёти тоҷик таъин мегардад.
Устод Табаров дар ин кафедра, ки баъдҳо боз ба ду кафедра тақсим шуда, номи адабиёти советии тоҷикро мегирад, 28 сол ба сифати мудир ва боз панҷ соли дигар чун узви кафедра адои вазифа намуд ва дар ин айём шаш сол вазифаи проректори Университети давлатии Тоҷикистонро ҳам ба ӯҳда дошт. Ин шахсияти неруманд то соли 1985 дар ҳаёти фарҳангию иҷтимоии Донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, чун роҳбари ҷиддиву масъулиятшинос, устоди сахтгиру ғамхор ва донишманди асилу сермаҳсул маълуму машҳур гардид. Ин аст ки соли 1953 аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон интихоб шуда, ба ҳайати таҳририяи «Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон. Шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ» шомил мегардад; соли 1960 ба ҳайси раиси Шӯрои илмӣ-техникии адабиётшиносӣ дар назди Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон пазируфта мешавад; соли 1954 раиси сексияи танқиди адабӣ ва узви президиум ва правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дониста мешавад ва ғ.

пешина
аз 148
навбатӣ