Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раис баъди аз назар гузаронидани либоси нимдошти Соҳибназар ӯро ба фабрикаи дӯзандагӣ раҳнамун месозад. Дар фабрика андоза гирифта, дар зарфи ду рӯз барояш либоси расмии идона тайёр карда ба ӯ мепӯшонанд. Устод Табаров ин лаҳзаи масарратбахшро бо некӣ ва сипосгузорӣ ба ёд меорад: «Банда дар ин либоси зебои хушдӯхт худамро қариб ки намешинохтам ва рӯзи Якуми Май бо ҳамон иҷозатнома дар минбари ифтихории Майдони марказии пойтахт дар қатори роҳбарони ҳукумат ва шахсиятҳои машҳури ҷумҳурият мани донишҷӯи курси якуми Институти омӯзгорӣ низ намоиши идонаи меҳнаткашони Тоҷикистонро тамошо карда ҳаловат бурдам».
Соҳибназар ба курси се гузашта буд, ки ҶБВ сар мешавад ва тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳимояи Ватан бармехезад. Аз гурӯҳи 16-нафараи онҳо 14 касро ба майдони набард мефиристанд. Устод Табаров он лаҳзаҳои мудҳишро чунин ёдовар шудааст: «Дар курс мо ду нафар мондем – Мира Малаева ва ман, ки ба сабаби як поям шал будан ҳуқуқи ба корзор рафтанро надоштам».
Аксари устодони Институт низ ба ҷабҳа сафарбар мешаванд, бинобар ин соли 1941 курси сеюм баста мешавад ва як сол С.Табаров аввал дар мактаби миёнаи деҳаи Заргари ноҳияи Қурғонтеппа ба сифати муаллим ва баъд дар мактаби миёнаи деҳаи Қизилқалъаи ҳамин ноҳия чун директор фаъолият мекунад ва ҳангоме ки соли 1942 ин курс аз нав кушода мешавад, Соҳибназар дар як сол барномаи курсҳои се ва чорро гузашта, соли 1943 Донишгоҳро бомувафаққият ба итмом мерасонад. Ин ҷавони серғайрат як сол дар Омӯзишгоҳи шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, баъд чун муаллими кафедраи забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко пазируфта мешавад. Соли 1945 ба аспирантураи назди филиали тоҷикистонии АИ СССР дохил шуда, таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ СССР Е.Э.Бертелс соли 1949 дар мавзӯи «Ғуломон» - и С.Айнӣ ҳамчун асари таърихӣ» дар Шӯрои илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад.

пешина
аз 148
навбатӣ