Муҳаққиқи соҳибмактаб

III
Соли 1939 Соҳибназар ба факултети адабиёти Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ), ки он вақт ягона мактаби олӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб мерафт, дохил мешавад ва дар курсҳои якуму дуюм аз устодони варзидае чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Лутфулло Бузургзода, Абдулғанӣ Мирзоев, И.И.Палчиков, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Абдулғанӣ Эшонҷонов… дарс мегирад. Ба ин ҷавони ташнаи илм махсусан усули дарсдиҳӣ ва шахсияти Лутфулло Бузургзода ва Абдулғанӣ Мирзоев, ки баъди хатми Университети давлатии Ленинград (ҳозира Санкт- Петербург) нав ба кор омада буд, басо маъқул меафтад, ба дараҷае ки дар тамоми зиндагии минбаъда намунаи ибрати ӯ қарор мегиранд. «Мирзоев дақиқкор ва сарфакор буд. Ягон дақиқаи вақти худро беҳуда сарф намекард. Ҳатто дар танаффус китобчаеро, ки ба забони англисӣ буд, аз ҷайбаш мебароварду мехонд»(1, 182-183).
Соҳибназар, ки чун таҳсилдидаи омӯзишгоҳ таҳкурсии мустаҳкам ва таҷрибаи хуби донишазхудкунӣ дошт, аз донишмандӣ ва усули таълими устодон рӯҳ гирифта нимсолаи аввалро бо баҳои «аъло» ҷамъбаст намуд ва чун донишҷӯи фаъолу аълохон дар факултети адабиёт ва умуман донишгоҳи омӯзгорӣ эътибор пайдо кард. Аз ин ҷиҳат як хотираи устод ҷолиб аст: охирҳои апрели соли 1940 директори институт Солеҳбоев Соҳибназарро ба утоқи кориаш даъват карда, ба ӯ иҷозатномаи ба муносибати иди Якуми Май иштирок кардан дар минбари ифтихории Майдони марказии пойтахтро медиҳад (нигаред ба тасвирҳо – Пропуск) ва ба либоси нимдошту нозеби донишҷӯ нигариста, таъкид мекунад, ки дар ин чорабинии ҳукуматӣ бо либоси тоза ва озодаи расмӣ ширкат варзидан зарур аст. Директор чун дигар либос надоштани Соҳибназарро мефаҳмад,ба раиси Комиҷрояи шаҳр занг зада, ҳақиқати ҳолро баён мекунад ва донишҷӯро назди раис мефиристад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё