Муҳаққиқи соҳибмактаб

Устод бо он хотираи мустаҳкам ва беназире, ки дорад, ҳамвора аз лаҳзаҳои дидорбинӣ ва суҳбатҳои эшон бо сипосгузорӣ ёдовар мешавад ва «бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ»
гӯён ба шогирдон ноаён панд медиҳад.
Соҳиб Табаров аввалин бор устод Айниро соли 1934 ҳангоми таҳсил дар курси тайёрии Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд мебинад: «Ба муносибати ҷашни 100-солагии Фирдавсӣ устод Айнӣ ба омӯзишгоҳи мо омада буданд ва ҳамон китоби машҳурашон – «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ»-ро бо ҳамроҳии Деҳотӣ, Бектош қариб якуним соат барои мо хонданд… Мо бачаҳои даҳсолаи аз кӯҳистон омада тасаввур ҳам намекардем, ки «Шоҳнома» чисту Фирдавсӣ кист» (71,77).
Муаллими мо боз як маротиба (соли 1935) дар Самарқанд ва борҳо дар Душанбе ба дидори устод Айнӣ мушарраф гардида, ҳатто ба ин пири хирад хамсуҳбат шуда, изҳори самимияту садоқат низ кардааст. Аз ин ҷиҳат, таърихи мақолаи аспирант Табаров бо номи «Чанд сухан дар бораи як тақриз»
(«Тоҷикистони сурх», 11.03.1947) чолиб аст. Сардори Управленияи главлити Тоҷикистон Муллоҷонови Шаҳристонӣ оид ба китоби «Мухтасари «Бӯстон» - и Саъдӣ, ки дар таҳияи С.Айнӣ соли 1945 чоп гардида буд, тақризи ғаразнок менависад ва аспирант Табаров ба он ҷавоб мегардонад. Нозирон ба чопи мақола дар рӯзномаи «Точикистони сурх» монеъ мешаванд. Кор ба ҷое мерасад, ки мақолаи Табаров 6 феврали соли 1947 дар котиботи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муҳокима шуда, тамоман дуруст будани андешаҳои танқидии муаллиф таъкид мегардад ва мақола 11 марти соли 1947 рӯи чопро мебинад. Баъди ин тавваҷуҳи устод Айнӣ ба С.Табаров меафзояд.
Хотираҳои С.Табаров дар бораи устодон Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода… низ ҷолиб ва омӯзанда мебошанд ва барои омӯзиши таърихи фарҳанги муосири тоҷик мусоидат мекунанд. Муаллим яке аз аввалин дидорбиниҳояшро ба устод Лоҳутӣ чунин ёдовар мешавад: «Сохтмони Канали Калони Ҳисор соли 1941 оғоз ёфта, баъди як сол ба охир расид.
Ба ин муносибат дар Кӯли комсомол митинг шуд. Мо ҳамчун донишҷӯ ширкат доштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё