Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин сол даҳсолагии ташкили Ҷумҳурияти сотсиалистии Тоҷикистонро бо шукӯҳу азамати беандоза қайд карданд. Ин сол баъд аз Ӯзбакистон Тоҷикистон ҳам омодагӣ ба Даҳаи санъат (на ба адабиёт ва на адабиёту санъат!!) оғоз намуд. Дар ҳамин сол фаъолияти адабиву фарҳангиамон бо сарварии устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ зиёд гардид, ки мисолаш чопи «Намунаҳои адабиёти тоҷик»
ва ба вуҷуд омадани истилоҳи «адабиёти форс - тоҷик» шуда метавонад.
Дар соли 1939 ва минбаъд якумин тоҷикони мактабҳои олии Руссия ва махсусан МГУ, ЛГУ-ро хатм карда дар симои Ибодулло Қосимов, Азизови самарқандӣ, Ҳошим Умарович Содиқови самарқандӣ, Абдуғанӣ Муҳаммадович Мирзоеви китобӣ, Эшонҷонов Абдуғании панҷакентӣ, Додоҷон Тоҷиеви конибодомӣ ва даҳҳо дигарон зиёд мешавад. Қисме аз онҳо минбаъд устодони ман мегарданд, ки якеаш домулло Мирзоев буд.
Дар соли 1939 шастсолагии таваллуди Сталинро ҷашн гирифтанд, ки ба ҳамин муносибат унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва Мукофотҳои сталинии дараҷаҳои 1,2,3 ва стипендияҳои сталинӣ таъсис гардиданд. Мо, студентони нав қабул шуда, аз ҳамин соли 1939 камар ба таҳсил бастем.
Ман, ки паспорт надоштам, ба шаҳр баромаданро ҳам қабул намекардам, метарсидам. Бе паспорт ҳатто ба ман дар ҳеҷ ҷое китоб ҳам намедоданд. Аксаран Абдусаттор Холов, Сафаров бо номи худашон барои ман китоб мегирифтанд.
Дар хобгоҳ ҳам бе ҳуқуқ соли таҳсилро сад дар сад хатм кардам, лекин ҳамчун ятимбача дар столи охирин менишастам. Лексияҳоямон аз аввали сентябри соли 1939 оғоз ёфтанд. Аввалин бор фаҳмидам, ки лексияи ҳақиқӣ чист.
Дар он солҳо дар Тоҷикистон аз сабаби набудани олимони тоҷик, ҳатто илмҳои гуманитарӣ, аз он ҷумла, муқаддимаи адабиётшиносӣ, муқаддимаи забоншиносӣ, психология, педагогика, таърихи педагогика, философия, политэкономика, гигиенаи мактабӣ ва ҳатто фолклор, адабиёти ҷаҳон ва амсоли онҳоро олимони русзабон лексия мехонданд. Танҳо курси грамматикаи нормативии забони тоҷикӣ, синтаксиси забони тоҷикӣ, диалектологияро Ниёзмуҳаммадов, Мирзоев, Бузургзода таълимамон медоданд.

пешина
аз 148
навбатӣ