Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте он марди ваҷоҳатнок ба қаду басти ман назар афканд, бо лаҳни комилан ҷиддӣ:
–Ҳоло равад, дар синфи 7 – 8 таълим гирад, пас аз 2-3 сол омада хонад, - гуфту бадар рафт.
Ман ҷумлаҳои болоро пурра фаҳмида будам, аз ин рӯ дарҳол оби чашмам шашқатор ба рехтан даромад.
Чуклина инро дида аз пештара бештар маро тасаллӣ дода ҳуҷҷатҳои аз Кӯлоб фиристодаи Ҳамроеву Раҳимзодаро бо характеристикаи олиҷанобе ва аз ҳамаи дарсу фанҳо баҳои аъло доштаамро ба ман нишон дода, аҳсанам хонд ва гуфт, ки ғам нахӯрам. Чуклина чун фаҳмид, ки ман то ҳоло паспорт надорам, ғамхорона гуфт:
–Ман имрӯз туро ҳамчун аълохон фармон менависам ва ба директор барои имзо медиҳам. Баъди 1-2 рӯз дар назди даромадгоҳ дар доскаи эълонҳо номи студентони қабулшударо меовезанд. Вақте номатро ёфтӣ, ба назди коменданти хобгоҳ Валиев рафта ҷои хоб гир. Вақте ки милитсия барои тафтиш ба хобгоҳ омад, худатро пинҳон кун.
Номамро баъди 2-3 рӯз дар доскачаи эълонҳо дидаму аз шодӣ ашк рехтам, чунки он рӯз ман хушбахттарин ятимбачаи кӯҳистонӣ будам, ки барои таҳсил ба Сталинобод омада ва ба қатори студентон даромада будам. Ман дар оянда айнан суханони ин зани мушфиқу меҳрубон (Чуклина)-ро дар соли таҳсили 1939 – 1940 бе чуну чаро ба ҷо овардам. Ба сабаби он ки студентон дар рӯзҳои охири моҳи август омаданд, Валиев ҳам аз аввали сентябр маро бо Амонов Раҷаби ӯротеппагӣ, Сафарови мастчоҳӣ ва боз каси дигар дар як ҳуҷраи хобгоҳ ҷой дод.
Ман то он рӯз бо студенти курси 3 ё 4 - и факултети таърих, ки мисли ман ятиму бесоҳиби ғармӣ буд ва дар шуъбаи пионерони Радиои ҷумҳурият кор карда қути лоямуте меёфт, дар хобгоҳ мезистам. Якумин бор 2 – 3 таассуроти ман, ки дар Қрим гузаронида будам, аз он шуъба садо дода буд. Ҳамин тавр таҳсилам дар Институти Сталинобод оғоз ёфт.
Соли 1939 барои ҷумҳуриятҳои баробарҳуқуқи Иттифоқи Шӯроӣ соли таърихӣ буд.

пешина
аз 148
навбатӣ