Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ба сабаби он ки мо забони русиро чандон хуб намедонистем, маҳз барои мо ду муаллими забондон лексияи ҳар олими русзабонро ба тоҷикӣ дикта мекарданд ва мо соатҳо аз онҳо менавиштем. Оқибат лексияи мо рӯзе 13-14 соат давом мекард. Бинобар ҳамин ман хонданро рӯз то рӯз сахттару мукаммалтар мекардам. Соатҳои бекориамро дар ин сол қариб ёд надорам, шабу рӯз мехондам, забон меомӯхтам ва ғайра….
Оғози соли 1940 дар редаксияи рӯзномаи «Газетаи муаллимон» («Барои маорифи коммунистӣ») бо котиби масъулаш Муқимови самарқандӣ ошно шудам, ки ӯ дар иловаи ин газета – «Васияти Ленин» ҳам кор мекард. Муқимов (бо як даст баъдҳо аз фронт баргашт) росткору ростқавл буд. Ӯ аввалин хабару мақолаҳоямро дар «Газетаи муаллимон» ҷой медод ва нахустин устоду муаллими журналистии ин ятимбача аст.
Дар иловаи ин газета – «Васияти Ленин» Комилови унҷигӣ, ки ҳамсафарам ба Қрим аз Хуҷанд буд, низ кор мекардааст. Бо ӯ низ дӯст шуда, хабарҳои зиёдамро чоп мекунондам. Комилов бар замми ин хидматаш маро ба «Пионери Тоҷикистон» бурда бо котиботаш ошно кард. Ба ҳамин восита дар солҳои 1940 – 1941 ошноии ман қариб ба ҳамаи газетаҳо пайдо гардид. Ин буд, ки менавиштаму чоп мекардам ва боз мехондаму мехондам. Ҳамин тавр зиндагӣ ва хонишам дар Институти педагогии шаҳри Сталинобод давом мекард.
Матбуоти расмӣ сарчашмаи мунаққидии ман ҳам мебошад, чун Белинский, Чернишевский, Добролюбов ва даҳҳои дигарон низ чунин мешумориданд. Зинда бод матбуоти ғайрипулии озод! (Ба библиографияи ман нигаред.) Ана ин аст шингиле аз ҳазор яки саргузаштҳои мани ятим, дигар аз ҳазор яки саргузаштҳои талх ва пуряъсу аламамро наменависам, зеро ҳеҷ гоҳ нагуфтааму нанависондаам ва ҳеҷ гоҳ ҳам намегӯяму наменависонам, то ки нагӯянд, ки ӯ нолидааст. Ҳамаи он машаққатҳоро ман бисёр мардонавор паси сар кардаам ва ба касе шикоят накардаам, ғайр аз тақдирам, ин як табиати бузургу сархамнашавандаи дохили ҷисми мани ятим аст, ки онҳоро касе нахоҳад фаҳмид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё