Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ ҳангоми тадрис дар Донишгоҳи миллӣ пайваста ба донишҷӯён курсҳои нав, чун матншиносӣ, назарияи танқиди адабӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ, методи таҳлили асари бадеӣ, мехонд ва пайваста савияи дониши назарию усули таълими хешро такмил медод. Табиист, ки устод бо лексияи озод ва фарогиру пурмуҳтавои худ донишҷӯёнро ба андеша, ҷустуҷӯ ва фаъолият водор мекард. 4 апрели соли 1968 дар «Таассуроти ақлу дил» усули лексияхонии устод шарҳ ёфтааст: «Ман лексияро бе конспект, бадоҳатан мехонам. Ҳеҷ гоҳ аз рӯи матн лексия хонда наметавонам ва, баъзан, худам ҳис мекунам, ки бисёр нағз фаҳмонда истодаам. Илҳоми лексияхонӣ ба дониши студент вобаста аст. Дар лексия баҳсу мунозира ва мулоҳизарониҳои илмии беисти ҳозиразамонро дӯст медорам. Бо далелу ҳуҷҷат исботи мақсадро вазифаи асосии лектор мешуморам».
Ин аст, ки донишҷуён ба дарсҳои муаллим бо шавқу завқи зиёд ширкат варзида, аз он баҳраи зиёд мебардоштанд, онҳоро, чи хеле ки муллима Талбакова ёдовар мешавад, лексияҳои пурмуҳтаво ва ҷаззоби устод чун оҳанрабо ба худ мекашид: «Устод Табаров дар курси чорум аз назарияи адабиёт ба мо дарс мехонданд, ба назар чунин менамуд, ки муаллим тамоми таърихи башарро медонанд, тамоми олимони дунёро мешиносанд, аз тамоми гуфтаҳои адибони олам бархурдоранд. Гуфтаҳои худро бо гуфтаҳои олимони ҷаҳонӣ, чун Софокл, Ян Рибка, Е.Э. Бертелс, Иржи Бечка…, қувват медоданд, ки ин барои мо донишҷӯён шавқангез ва пуртаъсир буд. Ҳатто ҳангоми мисол овардан баъзе қисматҳои адабиётро ба фанҳои дақиқ – физика, астрономия, математика алоқаманд менамуданд, муаллим аз тамоми илмҳои замон бохабаранд»(69, 134).
Лексияҳои устод дар баробари ҷанбаи амиқи илмӣ доштан дорои аҳамияти калони тарбиявӣ буданд ва донишҷуёнро водор мекарданд, ки ба зиндагӣ, масъалаҳои рӯзмарраи ҳаётӣ зиёда таваҷҷуҳ намоянд. «Мавзӯи дарси устод Табаров,– ба ёд меоварад Боймурод Шарифзода, – танҳо маҳдуд ба як масъалаи фаннӣ набуд, балки сари ҳар як таҳлил мисоле аз ҳаёти воқеӣ нақл мешуд. Аз саломи одӣ сар карда, то ба автобусу дигар нақлиёт савор шудан, одоби салом додан, вақтро ғанимат шумурдан ва амсоли ин масъалаҳое буданд, ки насиҳатҳои устод барои мо, ҷавонони аз деҳот омада, чун об дар хушкӣ зарур буд» (72, 139).

пешина
аз 148
навбатӣ