Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хулоса дон, ки дар пирӣ халос аз кор мегардӣ,
Надорӣ гар муррабие, ҳамеша хор мегардӣ.
Бишуд Қурбоналӣ ёрон кунун ҳафтоду шашсола,
Зи дарди пирӣ гуфто, ки зи ҷон безор мегардӣ.

ОЛАМ ХАРОБ АСТ

Ҷаҳонорои дунё офтоб аст,
Накӯ номаш набишта дар китоб аст.
Худ ӯ хуршеди олам ном дорад,
Набошад нури вай, олам хароб аст.
Зи даҳшатҳои сармои зимистон
Ба майдон ҳар касе дар изтироб аст.
Бигирад баҳра ҷумла рӯи олам
Зи нураш ҳар куҷо сарду хароб аст.
Ҳаво гар офтобу соф бошад,
Ҳар одамзод роҳи корёб аст.
Бидон бе нармиҳои нури хуршед
Тамоми ҷинси олам дар азоб аст.
Касе гирад агар дасти фитода,
Нишони хайру мардиву савоб аст.
Қатори қофиягӯёни олам
Бидон, Қурбоналӣ ҳозирҷавоб аст.

ЗОДАИ ОЛИНАСАБ

Ҳама эҷоди шоир бесабаб нест,
Аламҳо дошта бошад, аҷаб нест.
Ба қалбаш ҷой дорад фикри олам,
Бидон, ки холи қалбаш аз тараб нест.
Ба сони чашмаи пурҷӯш қалбаш
Бидон, ором доим рӯзу шаб нест.
Ба сардорӣ наарзад он касе, ки
Хабардор аз дили аҳли адаб нест.
Чу хондӣ гуфтаи Қурбоналиро,
Магӯ ӯ зодаи олинасаб нест.

пешина
аз 119
навбатӣ