Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Боз мегӯям зи гуфтанҳо, нагӯям беҳтар аст,
Лек бар ман ҳар дару девор мегӯяд бигӯ.
Байтҳо, Қурбоналӣ, бар зидди ҳар қаллобу дузд
Ҳар дарахту шохаи бебор мегӯяд бигӯ.

ДОН

Агар дар зиндагӣ бинӣ ҷафо, дон,
Бибинӣ гоҳ-гоҳ кайфу сафо, дон.
Макун бисёр ту, эй банда, шодӣ,
Туро марг аст охир аз қафо, дон.
Аз ин олам ҳазорон бандаҳо рафт,
Ба рӯи мурдагон мемонӣ по, дон.
Куҷо ки меравӣ болову поён,
Таноби марг андар пои мо дон.
Бувад имрӯз гар як рӯзи шодӣ,
Зи пушташ боз хезад як бало, дон.
Намедонем мову ту, аҷаб не
Биборад як балое аз само, дон.
Чу Қорун моли дунё ҷамъ созӣ,
Надорад моли дунёӣ вафо, дон.
Аз ин олам ба хоки тира шуд ҷо
Ҳама зӯру ҳама шоҳу гадо, дон.
Шавад Қурбоналӣ паймонаат пур,
Ягон дору намебахшад даво, дон.

ХОР МЕГАРДАД

Ҷавонӣ қуввате дорад, ки Рустамвор мегардӣ,
Шуда ошиқ ба андоми гули гулзор мегардӣ.
Ба сони чашмаи пурҷӯш дил дар ҷӯш ҳар ҷоӣ,
Бидидӣ моҳрӯеро, ба ҳуснаш ёр мегардӣ.
Равӣ бар сӯи бозоре, бубинӣ гулфурӯшонро,
Ҳавасманду харидори гули бозор мегардӣ.
Чу бигзашта ҷавонию даромад давраи пирӣ,
Вуҷудат суст гардида, бутун афгор мегардӣ.
Ба коре шавқ дориву мадоре нест андар пой,
Заифе гаштаву ҳар дам чу як бемор мегардӣ,
Ба дард афтода дасту по, шабон то рӯз менолӣ,
Парида хоб аз дида, бидон, бедор мегардӣ.

пешина
аз 119
навбатӣ