Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БАР ВАСФИ ДУ БАРОДАР

Дар деҳаи Сияҳфарк
Ду марди босаховат
Аз ранҷи кор дорад
Ҳар кадоме ҳаловат.

Мирзоумару Ҳоким
Банангу ор ҳастанд.
Часпида аз ҷавонӣ
Ба банди кор ҳастанд.

Гирифта аз ҷавонӣ
Бар гӯш аз падар панд,
Буда миёни мардум
Ин ҳарду обрӯманд.

Мирзоумар замоне
Ҷавону паҳлавон буд,
То даври пирсолӣ
Касбаш машинарон буд.

Корҳое ӯ кардаст
Дар давраи советӣ,
Кори хубе накардаст
Чун ӯ касе ба гетӣ.

Монанди ҳар зӯровар
Ӯ дошт паҳлавонӣ,
Ҳайфо, ки рафт аз ӯ
Ғурури навҷавонӣ.

Баъди сараш ба олам
Номаш ба некӣ монад,
Раҳмат гӯяд ба Умар
Ин шеър ҳар ки хонад.

Кун гӯш мухтасар боз
Васфи бародари ӯ,
Гӯям сухан зи ҳоким
Бувад ӯ додари ӯ.

Вакили он маёҳалла
Солҳо шуд ба мардум,
Меҳраш ба дили халқаш
Монда чу нони гандум.

Каме зикр кунам боз
Аз боби хизмати ӯ,
Бигрифт баҳра мардум
Аз ҳар насиҳати ӯ.

Ҳоким қадаш баланду
Ҷавони хушбурут аст,
Ҳар нутқи вай ширинтар
Аз шарбатеву тут аст.

Шоҳиди таърифотам
Дон, ки худост қозӣ.
Аз Умару зи Ҳоким
Мардум ҳама ҳаст розӣ.

Қурбоналӣ ба дида
Сад кӯҳу хам бидидаст,
Монанди ин ду додар
Бисёр кам бидидаст.

ОЛАМ ХАРОБ АСТ

Ҷаҳонорои дунё офтоб аст,
Накӯ номаш набишта дар китоб аст.
Худ ӯ хуршеди олам ном дорад,
Набошад нури вай, олам хароб аст.

Зи даҳшатҳои сармои зимистон Ба майдон ҳар касе дар изтироб аст, бигириад баҳра ҷумла рӯи олам Зи нураш ҳар куҷо сарду хароб аст.

пешина
аз 119
навбатӣ