Таронаҳои дарё

САВТУ НАВОИ ДИЛКАШ
Бас нуктаҳои нохуш аз нокасон шунидем,
Таъну маломати беш аз дигарон шунидем
Ҳар кӯрдил чӣ донад шеъру таронаи мо,
Мо ҳикмати замонро аз бобагон шунидем,
Дар ҷону дил бигирем панду насиҳати кас,
Андарзҳои беше аз оқилон шунидем,
Андар чаман сарояд булбул таронаи хуш,
Савту навои дилкаш аз булбулон шунидем,
Мо рози дил бигӯем бо он ки ҳамдили мост,
Ҳарфи хуше дар олам аз дӯстон шундем.
РУБОИҲОИ НАВРӮЗӢ
Наврӯз биё, ки дилакам шод шавад,
Мурғи дили ман аз қафас озод шавад.
Наврӯз биё, ки шодмонӣ бо туст,
Ғамҳои ҷаҳон ба хоку барбод шавад.
Хушдил шудаем аз он ки Наврӯз расид.
Як иди саиду рӯзи фирӯз расид.
Бар хушдилиам шодии нав зам гардид
Зеро ки ба пешам ёри дилсӯз расид.
Ин ҳадяи наврӯзии ман они ту бод,
Ҷони дили ман ҳама ба фармони ту бод.
Гӯям ба ту ин дуои наврӯзии худ,
Пурнеъмату пурфайз ҳаме хони ту бод.
Наврӯз расад басе дуоят гӯям,
Васфи ту кунам, басе саноят гӯям,
Гӯям ғазали ишқи туро дар Наврӯз,
Ҳам меҳру муҳаббату вафоят гӯям.
Эй бод, биё, бубар ту пайғоми маро,
Дар к ӯчаи Ғорон дилороми маро,
Гӯ муждаи нав ба иди Наврӯз варо,
Оне ки бибурда сабру ороми маро,
Бар кардаву нокарда дилам месӯзад.
Бар одами бепарда дилам месӯзад,
Бар ҳоли тамоми бенавоён гирям,
Бар мардуми дилмурда дилам месӯзад.
Он дилбари ман зи кӯҳи Ғорон омад.
Бишкуфта ҳаме чун гули торон омад,
Омад бари манн, бидод ин муждаи нек,
Бархез, ки Наврӯзи баҳорон омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё