Таронаҳои дарё

МУҲАББАТИ ДИЁР
Диёри ман диёри бостон аст,
Нишони бостони ориён аст.
Дару дарвозаи Дарвоз боз аст,
Ва ҳар як фарди он меҳмонавоз аст.
Ниёзу нози мо Ванҷ аст пурганҷ,
Фаровон ганҷи ӯ аз заҳмату ранҷ.
Дилафрӯзист худ фазли баимон,
Диёри нағмапардоз аст Рӯшон.
Ва Шуғнон зодгоҳи ориён аст,
Диёри бостони тоҷикрн аст.
Ҳунар аз Шаҳдарой шоҳона хезад,
Зи хокаш шоире мардона хезад.
Ба дарде оби Ишкошим даво шуд,
Варо шӯҳрат зи лаълаш то само шуд.
Гирифта ҷой андар пояи Меҳр,
Зи Мурғоб асл буда номи Помир.
Шуда Хоруғ макони илму ирфон,
Ва ҳам оинаи рӯҳи Бадахшон.
Диёрам, кишвари овозадорам,
Ту нури чашму андар тан мадорам.
БУНЁДИ ВАҲДАТ
Аё, эй мардуми покизабунёд,
Шумо ваҳдатсаро, ҳам ваҳдатэҷод.
Дили поку ду дасти поку номе,
Бинои ҳастие аз пок бунёд.
Ҳазорон шукри ҳақ, ки дар амонем,
Зи Мавлонои Румӣ мо бихонем:
«Биё то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем».
Ҳама бунёди мо бунёди Ваҳдат,
Мароми мо ҳама сулҳу саодат.
Ниҳоди мо ҳамон оби зулолест,
Ки саҳни осмон бидҳад шаҳодат.
Зиҳӣ меъмори сулҳу Тоҷикистон,
Бинои давлати нав карда бунён.
Аз ин ақлу амал, з-ин роҳу тадбир,
Шуда фархунда рӯҳи Оли Сомон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё