Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МЕҲРИ ВАТАН

Хуш бувад, ин ҷо ҳавои кӯҳсорон дигар аст,
Нағмаҳои бод дигар, обшорон дигар аст,
Сабзаҳо аз хок мерӯянд ба сад ишваҳо,
Ҷилваҳои сабзаҳо сабзазорон дигар аст.
Чашмаҳои синаи қӯҳ мисли шири модарон,
Оби дарё дигару аз чашмасорон дигар аст.
Булбулон дар шохсорон нағмапардозӣ кунанд,
Савти мурғони хушҳилҳону ҳазорон дигар аст,
Фаслҳои сол ин ҷо гуна-гуна бигзаранд,
Бо тароватҳои худ фасли баҳорон дигар аст,
Ҳар баҳоре гул ки мерӯяд ба ин дашту даман,
Сайр кардан дар канори лолазорон дигар аст.
Абрҳо аз дида мерезанд борони сахо,
Дар миён кӯҳсорон резаборон дигар аст.
Меҳр дорам ман бар ҳар як деҳи кӯҳистони худ,
Лек андар синаи ман меҳри Ғорон дигар аст.
Гуларӯсонро зи хона дилнавозон мебаранд
Хуш бувад савту суруди «Ёр-ёрон» дигар аст,
Баҳри кӯҳистониён меҳри Ватан болотар аст,
Дӯстдорӣ дигар асту дӯстдорон дигар аст.
Рӯдҳо бо сад хурӯш аз кӯҳсорон мераванд,
Нағмаҳои дилфиреби обшорон дигар аст,
Шеър мегӯяд Шарифӣ доимо бо савти кӯҳ,
Мисраи рангини ӯ дар кӯҳсорон дигар аст.

пешина
аз 39
навбатӣ