Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лабташнаи ту ҳастаму ҳастам доим,
Чун ошиқи масти масти мастам доим.
Ман ҳарфи ҷафописанд гӯям? Не, не
Ман ҳарфи вафоро мепарастам доим.

Дар мазҳаби ишқ аҳду паймон дорам,
Чил сура ман аз китоби «Қуръон» дорам.
Дар синаи пурҳарорати сӯзонам,
Сад фотиҳае ба тоати ҷон дорам.

Гӯӣ: – Ба забонам ҳарчи ояд гӯям,
Партоб макун ҳарфи хаторо сӯям.
Ҳар гаҳ зи хиёнате ту лаб бикшоӣ,
Ман нақши нишот аз дилам мешӯям.

Ин ҳарфу ҳиҷои шеъри ман ҷони ман аст,
Шорида чу обшори дашту даман аст.
Ҳар вожа, ки аз нӯги қалам мерезам,
Сар то қадамаш ҳама барои Ватан аст.
То сӯи ту шуд рӯи суҷудам, Ватанам,
Аз ишқи ту шуд ҳама вуҷудам, Ватанам.
Бе ту мани зор будам аз ҷон безор,
Инро мани зор озмудам, Ватанам.

Хар ҷо ки равам, ба ёди ту зинда манам,
Дар роҳи вафо бидон, ки поянда манам.
Гӯянд, ки меваҳои ҳиҷрон талх аст,
Дар хоки ҷудоӣ ҳам ба ту банда манам.

Ёрон ба куҷое, ки парешон гарданд,
Аз хоки Ватан ҳамеша пурсон гарданд.
Бо ёди Ватан тапида ҳар шому саҳар,
Бо номи Ватан азизи даврон гарданд.

Аз хонаи мо то ба шумо дур набуд,
Ё сози дилат ба коми мо ҷӯр набуд?
Рӯбоҳи сияҳ убур кард аз раҳи мо,
Ё субҳи сафои бахти ман зӯр набуд?

пешина
аз 51
навбатӣ