Сафои дил

Дар хирмани гул акси туро мебинам,
Аз ҳусни мубораки ту гул мечинам.
Аз накҳати гулбоғи рухат маст шудам,
Эй ахтари дил, биё, ки ман парвинам.
Бархезу биё, ки ин баҳор даргузар аст,
Ҳангомаи ишқи мову ту гулбасар аст.
Бархезу биё, ки сӯҳбати ин фурсат,
Воло зи ҳазор гавҳару симу зар аст.
Эй ишқ, маро равон чу дарё кардӣ,
Аз соҳили рӯд сӯи маҷро кардӣ.
Ман тозашиноваре ба дарё будам,
Аз дасти фалак гирифта дунё кардӣ.
Эй мурғи ҳумо, бишин ту дар шонаи ман,
Обод намо даме ту кошонаи ман.
Чандест ки дар қафас дилам танг шуда,
Озод намо ин дили девонаи ман.
Ҳар марди шарифе, ки варо нанг қавист,
Ё марди шуҷое, ки варо чанг қавист.
Дар ёди Ватан танида тору пудаш,
Номуси Ватан баро-ш чун санг қавист.
Шеър аст ҳама давлату дороии ман.
Ин кулба бишуд макони короии ман.
Зан давлати мард гуфтаанду аммо,
Як давлати бебаҳост танҳоии ман.
Ман ҷӯякаму ту қалби дарё дорӣ,
Дар кунҷи дили дилшудаам ҷо дорӣ.
Ақл аст барандаи ҳама олами мо,
Аз ман нолӣ, ту пас чи дунё дорӣ?
Эй бехабар аз тамоми шӯри дунё,
Дар ишқи касе нагаштаӣ обу адо.
Дар чашми ту як пораи ях беш наям,
Ях об шавад дигар чӣ ёбӣ зи Зиё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё