Сафои дил

Дар пуштаи ғам барфи дилам об нашуд,
Ин бодаи ғам дигар майи ноб нашуд.
Садҳо шабу рӯзу маҳ ба ҳам бигзаштанд,
Ин сурати бахт берун аз қоб нашуд.
Боз о, ки ба мулки шеър Наврӯз ояд,
Борони ғазал ҳар даму ҳар рӯз ояд.
Илҳом чу ман ба мисли борони баҳор,
Бо ҷомаи сабзи меҳр дилсӯз ояд.
Наврӯз, биё, ки хандаҳо гул карда,
Овози ҳама парандаҳо гул карда.
Наврӯз, биё чу дар лаби ташнаи ман,
Паймонаи шоҳу бандаҳо гул карда.
Ҳар гаҳ ки нигаҳ ба ёди ту банд шавад,
Ду чашми сарам ба ғусса побанд шавад.
Дар сози дилам гиреҳ занад шодиву ғам,
Дар сина ҳама валвала даҳчанд шавад.
Ҳамқибла, ҳамоинию ҳамдини манӣ,
Дар бурҷи ситораҳо ту парвини манӣ.
Ҳар субҳи умеду шоми рангини манӣ,
Парвонаи шабчароғи шаббини манӣ
Эй очаи ҷон, очаи ҷон, очаи ҷон,
Як лаҳзаи зиндагӣ надидӣ осон.
На роҳати ман дидиву на роҳати ҷон,
Бо кулфату ғам биёфт умрат поён.
Ганҷина ба рақс о, ки дилам шод шавад,
Як гӯшаи марзаи дил обод шод шавад.
Ту чарх бизан ба мисли парвонаи шамъ,
То ки ғами дил аз қафас озод шавад.
Хоҳам, ки ту гул бошию ман гулпаракат,
Хоҳам, ки ту дил бошию ман дилбаракат.
Хоҳам, ки ҳамеша шод бо ҳам бошем,
Ту дар дили ман бошию ман дар баракат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё