Сафои дил

АРМОНИ ДИЛАМ
Гули бишкуфтаи армони дилам,
Сарви хушрӯи гулистони дилам.
Ҳама дам дар сари паймони дилам
Бе ту хорам, ки чӣ пазмони дилам.
Ишқи ту доруву дармони ман аст,
Байти ҳар шеъри ману ҷони ман аст.
Олами ҳасрати пинҳони ман аст.
Нигаҳат тир ба пайкони ман аст.
Ту биё, базми нав обод кунам,
Кабки дил аз қафас озод кунам.
Дили шӯридаи худ шод кунам,
Хирмани гул ба сарат бод кунам.
Ту биё, эй гули бӯидаи ман,
Гули парвардаву рӯидаи ман.
Эй, Худо бар мани шӯрида расон,
Ёри деринаи ранҷидаи ман.
ЭЙ ЁР, СУРОҒАМ КУН
Имшаб зи канори дил,
Эй ёр, кучо рафтӣ,
Ранҷи дили ман кам буд,
Монанди сабо рафтӣ.
Имрӯз, ки дилгирам,
Дар ҳалқаи занҷирам.
Рӯзе, зи барам рафтӣ,
Ранҷидаи тақдирам.
Эй ёр, куҷо рафтӣ,
Бе ҳарфу ҳиҷо рафтӣ.
Аз дидаи раҳпоям,
Чун нури зиё рафтӣ.
Ту рафтию ман рафтам
Бар гӯшаи танҳоӣ.
Ту рафтию ман мондам
Эй кош, ту боз оӣ.
Ман ташнаи дидорам,
Аз ҳаҷри ту беморам.
Як сина пур аз армон,
Як сина шарар дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё